«Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ» — cуҳбати созанда дар Кӯлоб

Май 6, 2016 16:44

Душанбе, 06.05.2016./АМИТ«Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулини зинаҳои гуногуни соҳа ва имомхатибони шаҳру навоҳии минтақа дар мавзӯи «Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ» суҳбати «мизи мудаввар» барпо гардид.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Заминаҳои рушди ифротгароӣ ва роҳҳои пешгирии он», Искандар Солеҳзода, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Иштироки ҷавонон дар ҷангҳои Сурия ва тақдири онҳо», Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси «Хатарҳои фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ», З.Саидзода, корманди Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ», Шералӣ Ризоён, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боби «Таъсири шабакаҳои моҳвораӣ ва интернетӣ дар гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирии он» ва Нусратулло Зокиров, сардори шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ифротгароӣ ва таъсири он ба тафаккури динӣ» сухан гуфтанд.
Байни иштирокдорони «мизи мудаввар» оид ба масъалаҳои баррасишуда, ки мушкилоти рӯз маҳсуб мешаванд, мубодилаи афкор ба миён омад.
Сипас, як зумра имомхатибон дар атрофи мавзӯъҳои зикршуда сухан гуфта, оид ба роҳҳои пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои тундраву ифротӣ ёдрас шуда, аз ҷумла зикр намуданд, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ манфиатбахш мебошад.

Май 6, 2016 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд