Сафири ҶМЧ Юе Бин аз ДДЗТ дидан намуд

Май 25, 2016 15:41

Душанбе, 25.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Юе Бин бобати шиносоӣ ва тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба барои омода намудани кадрҳои баландихтисоси донандаи забони чинӣ — тарҷумонҳо ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ташриф овард.
Тавре ки аз донишкадаи мазкур хабар доданд, ректори донишкада Маҳмадулло Раҷабзода бо сафир дар доираи ҳамкории судманд дар бахши забономӯзӣ ва густариши он мулоқот намуд.
Юе Бин бо раёсати донишкада, шуъбаи забони чинӣ ва маркази фарҳангии он шинос шуда, бо омӯзгорон ва донишҷӯёни шуъбаи забони чинӣ  мулоқот  намуд.
Дар доираи ин вохӯрӣ шартномаҳои ҳамкории судманд дар самти маорифу илм ба имзо расонида шуданд.

Май 25, 2016 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд