Саммити ҷаҳонӣ оид ба кумаки башарӣ дар шаҳри Истамбул

Май 25, 2016 09:10

Анқара, 24 май. /АМИТ Ховар/. Рӯзҳои 23-24 майи соли 2016 дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия дар таърих бори аввал бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид Саммити ҷаҳонӣ оид ба кумаки башарӣ баргузор гардид, ки дар он аз 173 кишвари узви СММ зиёда аз 9000 намоянда иштирок намуданд.
Дар саммити мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии  муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ширкат ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ Азим Иброҳим зикр кард, ки қабл аз баргузории Саммити мазкур 8 конфронси минтақавӣ баргузор гардида буд ва яке аз онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 200 нафар намояндагон аз 16 кишвари ҷаҳон доир гардид. Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои мусоидаткунандаи ин Саммит мебошад.
Ташаббуси нави байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  эълони  Даҳсолаи нави байналмилалии Об барои рушди устувор, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудааст, зикр  карда шуд.
Зимни  суханронӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ҳозиринро ба осебпазирии ҳудуди Тоҷикистон нисбат ба офатҳои табиӣ ва расонидани кумакҳои молиявӣ ва техникии мушаххас вобаста аз мавқеъҳои мушкил ҷалб намуд.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ Ховар аз сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия хабар доданд.

Май 25, 2016 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид