Сарбанди кӯли сунъии Барсем кушода шуд
Душанбе, 11.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар деҳаи Барсеми ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон сарбанди кӯли сунъӣ, ки моҳи июли соли 2015 дар натиҷаи омадани сел ба вуҷуд омада буд, кушода шуд. Ин тадбир ба хотири паст кардани сатҳи оби кӯли сунъӣ ва аз байн бурдани хатари он роҳандозӣ шуд. Дар сурати гарм шудани ҳаво ва эҳтимоли такрории чунин ҳодиса оби кӯл зиёд гардида, ба Нерӯгоҳи барқи обии «Помир-1» метавонист таъсири манфӣ расонад.
Ёдовар мешавем, ки гармшавии аз меъёр зиёди ҳаво дар моҳи июли соли гузашта боиси фаромадани сел гардида, пеши рӯдхонаи Ғунд баста шуд ва кӯли сунъиро ба вучуд овард. Бар асари ин ҳодисаи табиӣ 82 хона пурра хароб гардида, чанд манзили истиқоматӣ низ зарар диданд. Инчунин зиёда аз 2 километр роҳи мошингарди дорои аҳамияти байналмилалии масири Даровз-Хоруғ-Мурғоб пурра хароб гардид. Бо кӯмаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони зарардида аз рӯзҳои аввали сар задани ин ҳодисаи табиӣ таҳти ғамхории бевосита фаро гирифта шуда, дар кӯтоҳтарин муддат дар як макони бехавф бо манзилҳои зист таъмин карда шуданд, ки имрӯз ин деҳа Раҳмонобод номгузорӣ шудааст.
















Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






