Сатҳи огоҳии занон дар идораи сарҳад баланд гардид
Душанбе, 26.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи идораи сарҳадот дар шимоли Афғонистон — Иттиҳоди Аврупо (БОМНАФ) дуюмин курси баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ барои кормандони зан дар мавриди идораи сарҳадро дар Коллеҷи сарҳадии САҲА барои ҳайати роҳбарикунанда дар шаҳри Душанбе ба анҷом расонид.
Дар курси мазкур ҳаждаҳ зан аз ҳисоби Полиси сарҳадии Афғонистон бо ду зан аз қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва се зан аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Онҳо оид ба мубориза бар зидди коррупсия, кумаки аввалия, баробарии гендерӣ, ҳуқуқи башар, хариду фурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, раҳбарӣ ва идоракунӣ дарс хонданд.
Занон имконияти мубодилаи таҷриба бо кормандон аз неруҳои сарҳадии кишварҳои дигарро омӯхта, ба таври муштарак маҳорати нав омӯхтанд. Теъдоди занон дар Полиси сарҳадии Афғонистон тақрибан 1%-ро ташкил медиҳад, ки бисёр ақаллияти хурд аст ва онҳо дар як муҳити аз нигоҳи ҷисмонӣ ва фарҳангӣ чолишбарангез кор мекунанд. Ҳамкорони тоҷики онҳо ин чолишҳоро беҳтар дарк намуданд.
Дар ҳафтаи аввал, Ваҷма Софӣ дар мавриди тадбирҳои анҷомшудаи Афғонистон оид ба баробарии гендерӣ ва ҳуқуқи занон маълумот пешниҳод намуд. Хонум Софӣ узви Маҷлиси намояндагони парлумони Афғонистон буда, дар тӯли солҳои зиёд дар Полиси сарҳадии Афғонистон кор кардааст.
Коршиноси британиягӣ, нозири полис аз Британияи Кабир Аннита Кларк дар мавзӯи Раҳбарӣ ва идоракунӣ дарс гуфт. Дар соли 2013 хонум Аннита сазовори унвони «Полиси сол»-и Пулиси байналмилалӣ гардид. Ӯ узви фаъоли Ассотсиатсияи байналмилалии занони полис буда, таҷрибаи худро дар бораи ғолиб шудан бар ғарази муассисавӣ бар зидди занон дар давоми 27 сол дар полиси Британия мубодила кард.
Иштироккунандагон ҳамчунин дар суҳбат дар мавзӯи Афғонистон — Осиёи Марказӣ: дурнамоиҳои ҳамкории минтақавӣ фаъолона иштирок намуданд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






