Семинари омӯзишии ММТ барои тренерон
Душанбе, 25.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и ба номи Убайд Раҷаби шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ барои тренерон доир гардид. Он тибқи нақшаи кории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд. Тавре ки аз ММТ хабар доданд, тренерони ҷалбгардида минбаъд барои гузаронидани семинарҳои омӯзишии кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ, аз ҷумла роҳбарону ёварони роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ, маъмурони калон, маъмурони имтиҳон ва бақайдгирандагон дар шаҳру ноҳияҳои вобасташудаи ҷумҳурӣ вазифадор карда мешаванд.
Дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда аз 12 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ наздик ба 30 нафар хоҳишманд барои иштирок дар семинари омӯзишии дурӯзаи тренерон даъват шуда буданд. Барои баргузории семинари мазкур аз ҷумлаи кормандони Марказ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, маводи зарурии иттилоотӣ ва методию дастурӣ омода карда шуд.
Семинар барои ду гурӯҳи алоҳидаи тренерон тибқи барнома ва модули омӯзишӣ гузаронида шуд. Дар раванди семинар ба иштирокдорон дар мавзӯъҳои Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ — 2016: хусусият, бартарӣ ва марҳалаҳои он, Вазифа ва уҳдадориҳои роҳбар, ёвари роҳбар, маъмури калон, маъмури имтиҳон ва бақайдгирандаи маркази имтиҳон ва Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2015: натиҷа, хато ва камбудиҳои раванди имтиҳонҳо муаррифии компютерӣ карда, ролики омӯзишии раванди имтиҳон намоиш дода шуд. Баъди баромад аз рӯйи ҳар мавзӯъ саволу ҷавоб сурат гирифта, мавзӯъҳои дахлдори раванди имтиҳон байни кормандони Марказ ва иштирокдорон баррасӣ карда шуданд.








Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд






