Сессияи илмии Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 28.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мактаби байналмилалии президентии ҶумҳурииТоҷикистон 29 май сессияи илмии Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Академияи илмҳо, дар сессияи илмӣ корҳои илмии хонандагони Академияи хурди илмҳои ҶТ натиҷагирӣ карда мешаванд. Хонандагон дар назди аъзои ҳакамониАкадемияи хурди илмҳо, ки аз ҷумлаи олимони намоёни ҷумҳурӣ итихоб карда мешаванд, бо гузоришҳо ва рефератҳо аз рӯйи мавзӯъҳои таҳқиқотии худ баромад мекунанд.
Хонандагон бо роҳбарони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, институтҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ вохӯрда, бо усулҳои гузаронидани корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ ва дастовардҳои навтарини илм дар ҷумҳурӣ шинос хоҳанд шуд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






