«Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих»- китобҳои рӯимизии афсарон
Кӯлоб, 25.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 24 май бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар қисми низомии 13483 «Д»-и шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Китоби «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва китоби «Тоҷикон дар ойинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мехонем!» ҳамоиши ватандӯстонаи ҳизбӣ баргузор шуд.
Ҳамоиши мазкур дар доираи «25 ҳафтаи «Созандагони Ватан»» доир гардида, ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.
Дар ҳамоиш иштирокдорон бо ҳайати фармондеҳӣ ва афсарону сарбозони қисми низомии 13483 «Д»-и шаҳри Кӯлоб раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо иқтибос аз шоҳасарҳои миллат «Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» перомуни миллатдӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихор аз гузаштаву имрӯзаи давлатдории миллатамон суханронӣ намуданд.
Аз тарафи ихтиёриёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба иштирокдорон порчаҳои назмиву насрӣ хонда шуда, саҳнаҳои ибратомӯзи ватанпарварона манзур карда шуд.
Командири қисми низомӣ, подполковник Илҳом Сайвалиев изҳор дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо афсарону сарбозонро беш аз пеш рӯҳбаланд гардонида, дар баланд гардидани сатҳи маънавиёт ва эҳсоси ватандӯстиашон мусоидат менамояд. «Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» китобҳои рӯимизии афсарон буда, онҳо аз ин асарҳо дарси хештаншиносӣ меомӯзанд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






