«Сомон Эйр» хатсайри нави Душанбе-Лоҳур-Душанберо роҳандозӣ намуд
Душанбе, 11.05.16 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хатсайри нави Душанбе-Лоҳур-Душанберо роҳандозӣ намуд.
Тавре ки хадамоти матбуотии ширкати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар дод, парвози нахустин ба самти Лоҳур 6 май тавассути ҳавопаймои «Боинг 737-900» анҷом дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи хатсайр директор оид ба тиҷорати ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Эҷаз Хан, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода, сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро, роҳбари Палатаи Савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Бо хатсайри нахустин ба шаҳри Лоҳур 54 нафар ва аз Лоҳур ба Душанбе 29 нафар мусофирон интиқол дода шуданд. Дар маросими ифтитоҳи хатсайр дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Лоҳур зикр гардид, ки роҳандозии хатсайри мазкур ба таҳкими муносибатҳои мутақобила мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин зикр гардид, ки дигар барои расидан аз Душанбе ба Лоҳур ва аз Лоҳур ба Душанбе сарфи зиёди вақт — 24 соат лозим нест. Маблағи роҳкиро низ сарфа мешавад.
Парвозҳо ба дуввумин шаҳри бузурги Покистон ва маркази фарҳангии ин кишвар ҳафтае ду маротиба — рўзҳои душанбе ва ҷумъа иҷро мешаванд. Кулли парвозҳо аз тариқи ҳавопаймоҳои «Боинг 737» сурат мегиранд. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба сўи Лоҳур 1 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҳамчунин тасмим дорад рўзҳои наздик боз як хатсайри нав — Душанбе-Теҳрон-Душанберо ифтитоҳ намояд. Парвозҳо дар ин хатсайр ҳафтае ду маротиба иҷро хоҳанд шуд. Дар айни замон «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Душанбе ба самти Олмон, АМА, Туркия, Чин, Русия, Қазоқистон, Покистон ва Афғонистон анҷом медиҳад. Парки ҳавопаймоии ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






