«Созандагони Ватан»- и Хатлон мавқеи худро нисбат ба раъйпурсӣ муайян карданд
Душанбе, 6.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар вилояти Хатлон ҷаласаи ситоди муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо иштироки фаъолони ҳизб ва ҷавонон оид ба раъйпурсӣ доир шуд.
Бо ибтикори намояндагии Ташкилоти чамъиятии ҷавонони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Бохтар таҳти унвони «Мо, ҷавонон, насли созандаем» ҳамоиши ҷавонон доир шуд, ки дар он намояндагони ҷавонон аз шаҳру навоҳии минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш ҷавонон — аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» мавқеи худро нисбат ба чорабинии муҳими сиёсӣ- раъйпурсии умумихалқӣ, ки ҷиҳати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли равон баргузор мешавад, муайян намуданд. Ҷавонон иброз намуданд, ки онҳо ҷонибдори ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон мебошанд, зеро ин тағйиру иловаҳо ба манфиати ҷавонон буда, заминаҳои мусоиди ҳуқуқиро, пеш аз ҳама, барои сулҳу суботи кишвар, ки шарти асосии пешрафти ҷавонон ва рушди минбаъдаи ҳаёти онҳо мебошад, муҳайё месозанд. Иброз гардид, ки онҳо нисбат ба ҳаёту тақдири худ бетараф нестанд ва намегузоранд, ки ҳеҷ қуввае ба тақдири онҳо таъсири манфӣ расонад. Аз ҷавонони кишвар даъват ба амал оварда шуд, ки аз тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ҷонибдорӣ намоянд.
ТҶҶ «Созандагони Ватан» чунин чорабиниҳоро то рӯзи баргузории раъйпурсӣ дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ доир хоҳад намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






