Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Берлин

Май 10, 2016 15:57

Душанбе, 10.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 9 майи соли равон дар шаҳри Берлин ҷашнгирии 71-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бо гулгузорӣ дар боғи Трептов, ки дар он наздики ҳафтуним ҳазор аскарони Шуравӣ дафн шудаанд, оғоз гардид. Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов дар якҷоягӣ бо сафирони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Туркманистон ва Узбекистон бо нишони эҳтиром ва қадршиносӣ ба қаҳрамониҳои ҷанговарони шуҷоъ дар мубориза бар зидди фашизм дар назди ҳайкали сарбози озодибахш гулчанбар гузошта, баъдан ба назди қабри бародаронаи рақами 12 омада, ба хотири поси хотираи аскарон, ки байни онҳо 5 нафар намояндагони Тоҷикистон дафн шудаанд, гулдаста гузоштанд.
Ҳамзамон дар маҷмааи поси хотираи Тиергартен маросими гулгузорӣ баргузор гардид. Дар таҷлили Рӯзи Ғалаба дар баробари намояндагони корпуси дипломатӣ, ветеранҳои ҷангу меҳнат, шаҳрвандони Олмон, намояндагони сохторҳои давлатии Олмон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва меҳмонони шаҳри Берлин иштирок намуданд.
Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.

Май 10, 2016 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд