Таҷрибаи Тоҷикистон дар танзими муҳоҷирати иҷборӣ ва гурезаҳо қобили эътироф аст

Май 25, 2016 17:27

Душанбе, 25.05.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Семинар  оид ба муаррифии лоиҳа ва фаъолияти ICMPD- амалиёт барои таъмини амнияти шаҳрвандӣ дар ҷараёни танзими ҳолатҳои фавқулода вобаста ба фавҷи гурезаҳо аз 24  то 26 май дар меҳмонхонаи «ХYATT Regency» дар якҷоягӣ бо Кумитаи пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори он намояндагони  як қатор вазорату кумитаҳои марбут ба амният ва мудофиаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла кор бо муҳоҷирон иштирок намуданд.
Ҳадафи чорабинӣ ҷалби саривақтии қувваҳои мудофиавӣ ва воситаҳои он барои танзим ва пешгирии ҳаракати гурезаҳо дар ҳамоҳангӣ бо ҳама сохторҳои қудратӣ мебошад.
Дар семинар полковники қувваҳои мусаллаҳи Олмон Уилрих Янссенс доир ба таърихи муҳоҷират ва омилҳои он маълумот дод. Коршиноси  Маркази Ҷорҷ Маршал дар Олмон Ҷек Кларк оид ба ҳолати гурезаҳо ва муҳоҷирони давлатҳои Араб, аз ҷумла Сурия ба Олмон ва дигар давлатҳои Аврупо, ҳолат ва сабабҳои қабули гурезаҳо ва муҳоҷиронро дар ин давлат шарҳ дод.
Дар семинар аз тарафи коршиносони олмонӣ доир ба таҷрибаи бои Тоҷикистон дар танзим ва баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ва муҳоҷирон сухан рафта, он боиси эътироф ва дастгирӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, Ҷек Кларк ба  баргардонии гурезаҳои иҷбории Тоҷикистон, ки солҳои 90-уми асри гузашта Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар он бевосита саҳмгузор буд, баҳои баланд дода, иброз дошт, ки ин таҷрибаи Тоҷикистон дар айни ҳол барои ҳукумати Олмон дарси ибрат ва омӯзиш бояд қарор гирад. Онҳо зикр  намуданд, ки семинари мазкур маҳз барои омӯзиши таҷрибаи Тоҷикистон дар ин самт ташкил карда шудааст.
Дар семинар инчунин ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷа, омехташавии  онҳо дар давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар ва имконияти Тоҷикистон барои баромадан ба бозори меҳнати хориҷи дур, ба мисоли Олмон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Кори семинар то 26 май идома хоҳад ёфт.

Май 25, 2016 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд