Таҳсили беш аз 30 ҳазор донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии хориҷӣ

Май 27, 2016 15:36

Душанбе, 27.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ин нуктаро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз зимни суханронӣ бо ҳузури ҷавонони кишвар бо хушнудӣ иброз намуда, таъкид намуд, ки: «Аз баракати истиқлолияти давлатӣ дидгоҳ ва ҷаҳонбинии ҷавонон ба куллӣ тағйир ёфта, сатҳи одобу маърифат ва муносибати онҳо ба зиндагӣ ва иштирокашон дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ бамаротиб  беҳтар шудааст».
Пешвои миллат зикр намуд, ки ҷавонони тоҷик имрӯз дар раванди давлатсозӣ фаъолона иштирок карда, дуруст дарк менамоянд, ки ширкати фаъолона дар ин марҳалаи таърихӣ, пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад ва фардо худашон ин давлатро роҳбарӣ ва ободу зебо мегардонанд.
Зимнан, зикр бояд кард, ки тавассути тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 22 майи соли равон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардиданд, барои иштироки ҷавонон дар умури идораи давлатӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти бовариву эътимод ба ҷавонони саодатманди диёр изҳор намуд, ки: «Аз вохӯриву суҳбатҳо ва таҳлили андешарониҳои ҷавонон хуб эҳсос мегардад, ки онҳо нисбат ба ҷавонони охири асри гузашта ба масъалаҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ назари ниҳоят фарох доранд. Таҳаввулоту равандҳои ҷаҳони муосирро дуруст дарку таҳлил намуда, техника ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро самаранок истифода мекунанд, дар таъсиси марказҳои ҷавонон, корхонаҳои хурду миёна, бунёди муассисаҳои варзишиву фароғатӣ  фаъолона иштирок менамоянд. Барои омӯзиши илму донишҳои муосир кӯшиш намуда, ба забономӯзӣ машғул мебошанд ва дар мусобиқаву озмунҳои минтақавию байналмилалӣ ширкат карда, барои гирифтани шаҳодатномаҳои муаллифӣ доир ба ихтироъкорӣ саъю талош менамоянд».

Май 27, 2016 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст