Танини «Суруди сарбоз» дар «Боғи Ирам»
Душанбе, 9.05.2016 /АМИТ “Ховар”/. 7 май бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар доираи чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ» дар маҷмааи Амфитеатри «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Фестивали ҷумҳуриявии сурудҳои ватандӯстонаи «Суруди сарбоз» баргузор гардид.
Мавсума Муинӣ, муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳозиринро бо ҷашнҳои дарпешистода, аз ҷумла 71-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуд. «Имрӯзҳо бо дастгирии давлату Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони ватандӯсту худшинос ва сарбозону афсарони далеру шуҷои Ватан дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар хизмати арзандаю содиқонаи хешро адо намуда, баҳри пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузошта истодаанд. Ташкил ва баргузории чунин фестивалҳо баҳри боз ҳам баланд гардидани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон ва ҷавонон, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва ҳамеша омода будан барои муҳофизати Ватани хеш мусоидат менамояд»- иброз дошт М. Муинӣ.
Сипас фестивалро сарбозону афсарони Гвардияи миллӣ бо намоиши машқи ҳарбӣ таҳти навозиши оркестри нафасии зинда оғоз намуданд.
Кулли иштирокчиёни фестивал бо ҳисси баланди ватандорӣ сурудҳои ватандӯстонаи худро пешкаши ҳозирин гардонида, ба чорабинӣ ҳусни тоза зам намуданд.
Дар охир ба иштирокчиёни фаъоли фестивали мазкур аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ Сипонснома ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Хотиррасон менамоем, ки ҳамчунин дар фарҷоми фестивал натиҷаҳои мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии тирпарронӣ, ки бо ташаббуси Кумита дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои қудратӣ рӯзи 5 май доир шуда буд, ҷамбаст ва ба ғолибони он ҷоизаву тӯҳфаҳо супорида шуд.








Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид






