Тарғиби либосҳои миллӣ аз ҷониби Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 24.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тарғиби либоси миллӣ, тарбияи зебопарастӣ ва пешгирӣ намудани бегонапарастии занону духтарон раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, намояндагони шаҳри Турсунзода, ноҳияи Рӯдакӣ, роҳбарони корхонаҳо, бозорҳо ва марказҳои савдои шаҳри Душанбе вохӯрӣ доир намуд.
Дар вохӯрии мазкур Идигул Қосимзода ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба фурӯши маводи тарғибкунанда ба фарҳанги бегона таъкид намуда, аз намояндагони вазорату идораҳо ва намояндагони бозорҳою марказҳои савдо даъват ба амал овард, ки ба либоспӯшии кормандон, алалхусус занону духтарон назоратро пурзӯр намуда, пӯшидани либоси бегонаро пешгирӣ намоянд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






