Тараннуми ватандӯстию ваҳдатпарастӣ дар Новокузнетск

Май 28, 2016 11:44

Душанбе, 28.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори ҷамъияти тоҷикони шаҳри Новокузнетск бо номи «Дӯстии тоҷикистониёну русҳо» дар шаҳри Новокузнетски Федератсияи Русия маҳфили шеъру суруд бо иштироки шоири ҷавону умедбахш, мудири бахши фарҳанги ҷамъияти тоҷикон  Дилшоди Рамазонзода ва дастаи ҳунарию этнографии назди ҷамъият   баргузор гардид.
Бояд зикр кард, ки  Дилшоди Рамазонзода  бо шеърҳое, ки дар васфи ватану ободиҳои он,  сулҳу дӯстӣ ва муҳаббат ба  Ватану муқаддасоти он бахшида шудаанд, дар миёни ҳамватанон маҳбубияти хос дорад.
Дар чорабинӣ ҳамватанони зиёде аз ҷамъиятҳои тоҷикон ва хонаи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳр ширкат карда, зикр карданд, ки чунин маҳфилҳо аз тамаддуни пешрафтаву осори гаронбаҳои адабии мардуми тоҷик дарак дода, инсонҳоро ба сулҳу дӯстӣ ва ободкориву зебоипарастӣ ҳидоят мекунанд.
Маҳфилро таронаҳои дилошӯби дастаи ҳунарии «Нур», ки аз матни шеърҳои  Дилшоди Рамазонзода гирифта шудаанд ва шеърхонии шоири ҷавон рангинтар карданд.

Садбарг Боқиева,  Новокузнетск.

Май 28, 2016 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд