Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский фаъолияташро дар «Кохи Тоҷикистон» идома медиҳад
Душанбе, 03.05.2016./АМИТ«Ховар»/. Нақшаи генералии шаҳри Душанбе марҳила ба марҳила, дар мадди аввал бо ташакулёбии маркази шаҳр, бо назардошти навсозӣ ва сохтмони биноҳои баландошёна дар қисмати марказии шаҳри Душанбе, аз ҷумла, дар хиёбони Рӯдакӣ бо назардошти аз байн бурдани иншооти як, ду ва сеошёнае, ки ба талаботи шаҳрсозӣ ва конструктивӣ ҷавобгӯ нестанд ва симои меъмориашон коста гардидааст, амалӣ мегардад.
Нақшаи генералии пойтахт, ки солҳои 1975-1983 таҳия гардида, роҳандозии он соли 2006 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 тамдид гардидааст, зарурати кӯчонидани бинои Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковскийро низ ба миён овард.
Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Олим Акрамов, сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъаларо шарҳ дода, дар тақвияти он иброз намуд, ки дар ҳақиқат бинои Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский аввали солҳои 1930 сохта шуда, аз як ошёна ва 300 ҷойи нишаст иборат буд ва бо сабаби куҳнаву фарсуда гардидани бино ба талаботи театри замонавӣ мувофиқат надошт. Ҳайати кормандони Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский фаъолияти минбаъдаашонро дар бинои «Кохи Тоҷикистон» идома медиҳанд. Бинои мазкур дорои 500 ҷои нишаст буда, дар қабати Боғи фарҳангиву фароғатии «Дӯстии халқҳо» ҷойгир аст, ки яке аз мавзеъҳои сераҳолии шаҳр маҳсуб мешавад. Доир ба фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти муназзами ҳайати эҷодӣ ташкилотҳои марбута супоришҳои мушаххас гирифтанд, ки дар муҳлати кутоҳтарин чораҷӯӣ мешаванд. Дар ин замина, вобаста ба тақозои фаъолияти театр корҳои мутобиқсозӣ, насби таҷҳизоти техникӣ дар саҳна ва толор, ҷобаҷогузории декоратсия, таъмиру тармими утоқҳои корӣ оғоз гардидаанд.
«Театри давлатии драмавии русии ба номи В.В.Маяковский» 7 ноябри соли 1937 таъсис ёфта, калонтарин театри русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳоло бо теъдоди 149 нафар корманд фаъолият дошта, соли равон ба буҷаи он наздики 2 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, -афзуд О.Акрамов.
Олим Акрамов, сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин иттилоъ дод, ки соли гузашта ҳайати эҷодии театр бо намоишномаҳои худ ба шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Варзоб, Турсунзода, Ҳисор, Кӯлоб, Қурғонтеппа ва Шаҳринав ва бо намоиши «Истории Антоши Чехонте»-и А.П.Чехов дар Ҷашнвораи байналмилалии «Вохӯриҳо дар Русия» дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсия Русия сафари ҳунарӣ дошт. Ҳамчунин аз 10 то 16 феврали соли равон ҳайати ҳунарии театр бо намоиши «Я жду тебя, любимый» ба вилояти Суғд сафари ҳунарӣ анҷом дод.
Бояд зикр намуд, ки Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский ягона театри русӣ дар ҷумҳурӣ набуда, Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Чкалов низ аз калонтарин театрҳои мамлакат маҳсуб мешавад.








21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Бо ташаббуси Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад






