«Тоҷикагролизинг» ба ҷумҳурӣ 27 адад комбайни ғалладарави тамғаи «Нива-Эффект», Палессе GS812, «CLAAS-ро ворид кард

Май 28, 2016 10:18

Душанбе, 28.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» бо мақсади самаранок истифода намудани заминҳои корам, беталаф ҷамъоварӣ намудани зироати ғалладонагӣ ва сари вақт гузаронидани кишти такрорӣ бо Ҷамъияти саҳомии заводи механикии Бузулук-и Ҷумҳурии Беларус барои харидории 10 адад комбайни ғалладарави тамғаи Палессе GS812 бо коҳҷамъкунак, доси 5 метра, қувваи муҳаррикаш 230 қувваи асп, бо нархи 69 ҳазор доллари амрикоӣ ва бо ҶДММ  Заводи комбайни Ростселмаш-и Федератсияи Русия барои харидории 10 адад комбайни ғалладарави тамғаи Нива-Эффект бо коҳҷамъкунак, доси 4,1 метраи қувваи муҳаррикаш 155 қувваи асп  бо нархи 65 ҳазор доллари амрикоӣ шартнома баста буд, ки тибқи он заводҳои истеҳсолкунанда то оғози мавсими дарави зироатҳои ғалладонагӣ комбайнҳои мазкурро бояд ба ҷумҳурӣ ворид менамуданд.
Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти КВДҶ Тоҷикагролизинг Ибодулло Оқилпур аввалин комбайнҳо чанде пеш ба ҷумҳурӣ ворид карда шуданд. Ҳоло 10 адад комбайни тамғаи  Нива-Эффект истеҳсоли Федератсияи Русия ба анбори корхона ворид гардида, 10 адад комбайнҳои тамғаи Палессе GS812, истеҳсоли Ҷумҳурии Беларус рўзҳои наздик ба ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки мувофиқи шартнома Заводи комбайни Ростселмаш ба мо бояд 10 адад комбайни тамғаиНива-Эффект медод. Бинобар сабаби он ки талабот ба ин навъи комбайнҳо зиёд аст, мо аз намояндагони заводи мазкур хоҳиш намудем, ки иловатан боз 5 адад аз ин комбайнҳоро ба ҷумҳурӣ ворид намоянд. Ҳоло 5 адад комбайни мазкур дар фурўши озод гузошта шуда, аллакай сетои он соҳибонашонро пайдо намудаанд. Муҳлати шартномаи фурўши онҳо як сол пешбинӣ шудааст,- илова намуд манбаъ.
Бар иловаи комбайнҳои мазкур роҳбарияти корхона аз намояндагии Ширкати Агролис-и Давлати Олмон 2 адад комбайнҳои тамғаи  «CLAAS-ро ба ҷумҳурӣ ворид намуданд, ки яктои он дар ноҳияи Фархор ба дарави ғалла машғул буда, дуввумӣ дар шаҳри Турсунзода омодаи кор мебошад.
Тақсимоти комбайнҳои ғалладарави Палессе GS812 ва Нива-Эффект тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлону Суғд сурат гирифта,  хоҷагиҳои деҳқонии  ноҳияҳои Восеъ, Данғара ва Муъминобод бо КВДҶ Тоҷикагролизинг аллакай шартнома баста, комбайнҳоро харидорӣ намудаанд.

Май 28, 2016 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд