Тоҷикистону Афғонистонро манфиатҳои муштарак муттаҳид намудаанд
Душанбе, 10.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Таъмини амнияту субот ва эҷоди заминаҳо барои пешрафту шукуфоии ду кишвар ҷавҳари манфиатҳои муштараки Тоҷикистону Афғонистонро ташкил медиҳад. Ин нуктаро Сарвари давлати Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури хабарнигорони ватаниву хориҷӣ зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои сафари Раисиҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон таъкид намуда, чунин илова кард: «Тоҷикистон хоҳони мусоидати бештари иҷтимоиву ҷомеаи байналмилалӣ ба Афғонистон мебошад. Ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ дар ин самт аз ҷониби мо чун амри ҳаётӣ маънидод шуд».
Дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки ҷониби Тоҷикистон аз нақши афзояндаи Афғонистон дар умури минтақа истиқбол карда, ҷиҳати идомаи ҳамёрии густурда бо он дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар ниҳодҳои ҳамкории бисёрҷониба омодагии худро изҳор менамояд.
Хотиррасон мешавем, ки сафари расмии Раисиҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон идома дорад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






