Тобистонро бо ҳавои софу беғубор пешвоз мегирем

Май 31, 2016 15:33

Душанбе, 31.05.16. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи пешгӯии    ҳавошиносон пагоҳ,1 июн дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд,  дар рӯзи аввали тобистон борони кӯтоҳмуддат танҳо дар ноҳияҳои куҳии вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ пешбинӣ шудааст.
Дар минтақаи ҷанубии Тоҷикистон ҳавои софи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво беш аз 40 дараҷаро ташкил медиҳад.
Аз 2 то 4 июн дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ  эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад.
Дар  ин рӯзҳо дар вилояти Хатлон ҳаво  дар водиҳо шабона 19-24, рӯзона 34-39 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳарорати ҳаво шабона 17-22, рӯзона 20-35 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе   низ ҳавои тағйирёбанда шуда, эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат  дар назар аст. Ҳарорати ҳаво  шабона 16-18, рӯзона 34- 36 дараҷа мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ — ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст .Ҳарорат  шабона 13-18 дараҷа, рӯзона то 31-36 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон -ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11, рӯзона 22-25; дар шарқи вилоят шабона -3+2, рӯзона 9-14 дараҷа гармиро ташкил хоҳад дод.

Май 31, 2016 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд