Тренинги омӯзишӣ барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ

Май 26, 2016 10:26

Душанбе, 26. 05. 16. /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи кормандони Шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Агентии назорати маводи нашъадор барои кормандони ҷузъу томҳои таҳлилии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ), қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти гумрук тренинг гузаронида шуд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд, тренинг  дар доираи таҳияи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 бо дастгирии лоиҳаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ RER/F23 «Низоми ҳифзи ҳуқуқ баҳри ҷамъоварӣ, таҳлил ва мубодилаи маълумоти оперативӣ дар соҳаи мубориза бар зидди маводи мухаддир ташкил карда шуд.
Дар тренинг масъалаҳои ҷамъоварӣ, таҳлили муфассал ва мубодилаи маълумоти фаврӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, омӯзиши кормандон барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди паҳншавии маводи мухаддир муҳокима гардиданд.
Барои иштирокдорон ҳамчунин муаррифинома оид ба вазъи вобаста ба маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комёбиҳои лоиҳа намоиш дода шуд.
Гузаронидани тренингҳои ҳаммонанд дар ояндаи наздик дар назар аст.

Май 26, 2016 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид