ВАО аз ивазшавии қарибулвуқӯи дабири кулли Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) хабар ёфтанд
Душанбе, 27.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) эҳтимол дорад дар ҷаласаи навбатӣ, ки ҳафтаи оянда баргузор мешавад, дабири кули навро интихоб намояд,- иттилоъ медиҳад «Интерфакс» бо такя ба навиштаи «The Wall Street Journal». Ин ягона амали мушаххасест, ки ОПЕК дар мулоқоти 2 июн қабул мекунад,- зикр мешавад дар мақола.
Сенздаҳ кишвари шомили ОПЕК, ки бештар аз се як ҳиссаи маҳсулоти нафти ҷаҳонро назорат менамоянд, аз оғози суқути нархи нафт (тақрибан ду сол пеш) наметавонанд оид ба як сиёсати ягона ба мувофиқа расанд. Дар мулоқоти моҳи июн ОПЕК ба иваз кардани роҳбар тасмим мегирад, чун Абдуллоҳ Ал-Бадрӣ аз соли 2013 мехост мансаби дабири куллро тарк намояд, вале ин корро бо сабаби набудани созишнома байни аъзои ОПЕК дар мавриди роҳбари нав наметавонист анҷом диҳад.
Нигерия Муҳаммад Баркиндоро, ки қаблан иҷрокунандаи вазифаи дабири кулли созмон буд, пешбарӣ кард. Ҳамчунин Венесуэла омода аст номзади худ- Алӣ Родригесро пешниҳод намояд. Ба гуфтаи манбаъ, Индонезия, ки дар моҳи декабри соли гузашта боз шомили ОПЕК шуд, , имконияти мувофиқро баррасӣ мекунад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






