ВАО: теъдоди қурбониёни таркиш дар шаҳри Баакубаи Ироқ ба 16 нафар расид
Душанбе, 10.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи таркише, ки рӯзи 9-май дар шаҳри Баакубаи музофоти Диёлаи Ироқ рух дод, на кам аз 16 нафар ба ҳалокат расида, 54 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора агентии «Рейтер» хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, мошини бо дастгоҳи тарканда муҷаҳҳаз дар наздикии маркази шаҳр таркидааст. Бино ба гуфтаи кормандони полис ва тиб, миёни қурбониён кӯдакони зиёд ҳастанд.
Дар гузориши агентии «Рейтер» гуфта мешавад, ки масъулияти ин таркишро гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» бар уҳда гирифтааст. Ҳадафи террористи маргталаб шиаҳои пешмарга будаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






