Воридоти маҳсулоти гӯштӣ аз Эрон беш аз 50% коҳиш ёфтааст, аммо Русия пешсаф аст
Душанбе, 10.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Аз оғози соли равон наздики 900 тонна маҳсулоти гӯштии воридотӣ ҳангоми ташхис аз ҷониби мутахассисони Агентии «Тоҷикистандарт» ғайристандартӣ арзёбӣ гардид, ки аз он беш аз 230 тонна маҳсулоти гӯштӣ истеҳсоли Эрон буда, аз ҷониби соҳибкорону тоҷирони тоҷику эронӣ ворид карда шудааст. Талабшо Сангзода — сардори Маркази ташхиси Агентии «Тоҷикстандарт» дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳангоми аз ташхис гузаронидани маҳсулоти гӯштии воридотӣ онҳо аз ҷиҳати сифат ва бехатарӣ ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии Агентии «Тоҷикстандарт» ҷавобгӯ набуданд. Ҳамзамон дар ин давра кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот ҳангоми гузаронидани санҷиш беш аз 60 тонна гӯшти говро, ки аз Ҳиндустон ворид карда шудааст, ошкор намуданд, ки бинобар аз лиҳози сифат ва бехатарӣ ба талаботи меъёрҳо ҷавобгӯ набудан ғайристандартӣ дониста шуд. Мутахассиси «Тоҷикстандарт» афзуд, ки тибқи регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ» маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла маҳсулоти гӯштӣ аз ташхис гузаронида шуда, дар сурати муайян гардидани сифат ва бехатарии он ва ба талаботи меъёрҳо ҷавобгӯ буданаш ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифат дода мешавад .
Сабаб чист, ки воридоти пӯсти мурғ манъ гардид ?
Бояд тазаккур дод, ки дар радифи маҳсулоти гӯшти истеҳсоли ватанӣ бозори истеъмолии Тоҷикистонро инчунин маҳсулоти гӯшти воридотӣ аз кишварҳои Эрон, Туркия, Ҳиндустон, Русия ва Қазоқистон пурра ва ғанӣ мегардонанд. Мутахассиси Агентии «Тоҷикстандарт» афзуд, ки дар ин давра воридоти маҳсулоти гӯштӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон, ки асосан гӯшти мурғ, рони мурғ, қимаи мурғ ворид карда мешавад, беш аз 50 % коҳиш ёфтааст. Талабшо Сангзода зикр кард, ки шурӯъ аз оғози соли 2016 воридоти пӯсти мурғ аз Эрон ба Тоҷикистон, ки аз меъёри муқаррарӣ зиёд интиқол меёфт ва барои истеҳсоли маҳсулоти ҳасибӣ истифода мегардид, манъ карда шуд. Инчунн ба пуррагӣ аз ҳуҷҷатҳои меъёрии шартҳои техникӣ бароварда шуда, алҳол ягон ҳуҷҷати меъёрии тасдиқкунада нест, ки ба ташхиси пӯсти мурғ мусоидат намояд, яъне шартҳои техникӣ вуҷуд надорад. Тибқи ташхисҳо муайян гардидааст, ки дар таркиби пӯсти мурғ меъёри холестерин зиёд мебошад. Бо назардошти он, ки истеъмоли пӯсти мурғ ба саломатии инсонҳо зарарнок аст ва ба хотири ҷилавгирӣ аз тамоюли фарбеҳшавии одамон, ки зарфи даҳсолаҳои охир дар сайёра афзоиш меёбад ва инсонҳо аз он азият мекашанд, тамоми кишварҳои дунё аз истифода ва истеъмоли пӯсти мурғ кайҳо даст кашидаанд. Ин дар ҳолест, ки чанде қабл аз ҷониби кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» воридоти 80 тонна пӯсти мурғ ба кишварамон пешгирӣ гардида, нисбат ба соҳибкори воридкунандаи пӯсти мурғ чораи маъмурӣ андешида шуд. Мақомоти салоҳиятдори кишвар манъи воридоти пӯсти мурғ аз хориҷи кишварро, пеш аз ҳама, бо мақсади ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифату хатарнок ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон вобаста медонад.
Русия дар воридоти маҳсулоти гӯштӣ дар бозори истеъмолии Тоҷикистон пешсаф аст
Бо назардошти он ки давлати мо иқтидори пурра таъмин намудани аҳолии кишварро бо маҳсулоти гӯштӣ надорад, алҳол дар бозори воридотии маҳсулоти гӯштӣ дар Тоҷикистон Русия пешсаф буда, аз ин кишвар соҳибкорони тоҷик асосан гӯшти мурғ ва маҳсулоти ҳасибӣ ворид менамоянд. Аз Ҳиндустон гӯшти чорвои калони шохдор, аз Қазоқистон ҳам гӯшти мурғ ворид карда мешавад. Қимаи мурғ танҳо аз Туркия ворид мегардад. Аз Эрон низ гӯшти мурғ оварда мешавад. Эрон дар воридоти маҳсулоти гӯштӣ ба Тоҷикистон қаблан мақоми аввалро ишғол мекард, аммо чуноне, ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, воридоти маҳсулоти гӯштӣ аз Эрон дар соли равон зиёда аз панҷоҳ фисад коҳиш ёфтааст, ки онро мутахассисон дар пастсифат будани маҳсулоти гӯштии воридотӣ аз ин кишвар арзёбӣ менамоянд.
Тарзи дурусти нигоҳдории маҳсулоти гӯштӣ аз соҳибкорон масъулиятро талаб менамояд
Бо дахли масоили марбут ба сифат ва бехатарии маҳсулоти гӯштӣ дар бозори истеъмолии кишвар, намояндаи Агентиии «Тоҷикстандарт» таъкид кард, ки дар баробари ташхиси маҳсулоти гӯштӣ ва муайян намудани сифат ва бехатарии он, инчунин дар кадом шароит нигоҳ доштан, хусусан риоя намудани тарзи дурусти нигоҳдории маҳсулоти гӯштӣ аз соҳибкорони воридкунанда ва фурӯшандаҳои нуқтаю мағозаҳо масъулияти зиёдро тақозо менамояд.Чунки соҳибкорон вақте маҳсулоти гӯштӣ ворид менамоянд ва аз мақомоти назоратии марбута ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифат мегиранд, ин маънои онро надорад, ки маҳсулоти вориднамудаи онҳо доимо дар ҳарорати муайян ва ҳолати хуби беҳдоштӣ нигоҳ дошта мешавад. То ҷое мусаллам аст, Тоҷикистон кишвари гарму офтобӣ буда, тибқи меъёри нигоҳдошти маҳсулоти хӯрокӣ ва регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ» маҳсулоти гӯштӣ, ки ба гурӯҳи маҳсулоти хӯроквории зудвайроншаванда шомил аст, бояд дар ҳолати хуби беҳдоштӣ дар яхдон ва анборҳои салқин дар ҳарорати муайян нигоҳ дошта шаванд. Ҳамзамон Агентии «Тоҷикстандарn» ба ғайр аз дастгоҳи марказӣ дар 14 нуқтаи сарҳадот озмоишгоҳҳои ташхисӣ дорад, ки маҳсулоти хӯроквории аз хориҷи кишвар ба қаламрави ҷумҳурӣ воридшаванда аз сӯи мутахассисон ташхис гардида, баъдан сертификати мутобиқат дода мешавад.
Ба соҳибкорон ва молворидкунандагони ватанӣ маслиҳат дода мешавад
Дар ин самт аз ҷониби кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» ба соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагони ватанӣ вохӯрию машваратҳо гузаронида шуда, доир ба тарзи нигоҳдорӣ ва риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштии маҳсулоти гӯштӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешаванд. Инчунин аз сӯи мутахассисони «Тоҷикстандарт» вобаста ба низоми воҳидҳои ченак кор бурда мешавад ва он дар анборҳое, ки маҳсулоти хӯрокворӣ, хусусан маҳсулоти гӯштӣ нигоҳ дошта мешаванд, санҷишҳо гузаронида шуда, нисбат ба шахсоне, ки ҳолати нигоҳдошти маҳсулоти хӯроквориро риоя намекунанд, тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд, то дар оянда ба хатоиҳо роҳ надиҳанд.
Бозори истеъмолии кишвар ба тухми мурғи воридотӣ дигар эҳтиёҷ надорад
Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори кишвар- Агентии “Тоҷикстандарт” воридоти тухми мурғ аз оғози сол манъ карда шуд. Сардори маркази ташхиси Агентии “Тоҷикстандарт” Талабшо Сангзода мегӯяд, ки ин тадбир бо мақсади роҳ надодан ба воридоти маҳсулоти пастсифат аз хориҷи кишвар ба қаламрави ҷумҳурӣ, таъмини бехатарии истеъмолкунандагон ва ҳимояи бозори истеъмолии кишвар аз воридоти маҳсулоти пастсифату хатарнок ва дар маҷмӯъ ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон роҳандозӣ гардид. Аз сабабе, ки Тоҷикистон кишвари офтобӣ аст, тухм маҳсулоти зудвайроншаванда арзёбӣ мегардад ва соҳибкорон, ки аз хориҷи кишвар тухм ворид мекарданд, ҳангоми интиқол сифати он вайрон мегардид ва ба тамғагузории он чандон аҳамият дода намешуд. Тухми мурғ бояд дар ҳарорати муайяни салқин ва дар яхдонҳо нигоҳ дошта шуда, муҳлати нигоҳдориаш 7, 21 ва 90 рӯзро ташкил медиҳад. Қаблан соҳибкорон тухми мурғро аз Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Эрон ворид мекарданд.
Корхонаҳои парандапарварӣ дар кишварамон зиёд гардида, истеҳсоли тухми мурғ ҳам афзоиш ёфтааст ва дигар кишвари мо ба воридоти тухми мурғ аз хориҷи кишвар эҳтиёҷ надорад.
Марзия Саидзода, хабарнигори ” Ховар”