ЗАХИРАИ МАҲСУЛОТИ ҒАЛЛАДОНАГӢ. Барои хушсифат мондани он танҳо донистани тарзи дурусти нигоҳдорӣ зарур аст

Август 10, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 10.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳолати 1 июли соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 679 ҳазору 065 тонна ғалладона истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 0,9 фоиз зиёд аст.

Дар Тоҷикистон зироати донагӣ, аз қабили лӯбиё, нахуд, наск, зағир, мош, маъсар, кунҷит, шолӣ, гандум, ҷуворимакка парвариш карда мешаванд. Қобилияти дуру дароз нигоҳ доштани ин ғалладонагиҳо мавҷуда буда, онҳо бо доштани сафедаҳо дар таркиби худ ба саломатии инсон фоидаовар мебошанд. Яъне, онҳоро захира кардан мумкин аст. АМИТ «Ховар» ба шумо захира намудани донагиҳо ва тарзҳои онҳоро тавсия медиҳад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯриҳо бо мардум пайваста таъкид менамоянд, бар асари тағйирёбии иқлим, камобиву хушксолӣ ва дигар омилҳои ба ҳамагон маълум вазъи таъминоти аҳолии сайёра бо маводи ғизоӣ рӯз ба рӯз мураккаб мешавад. Аз ин рӯ Сарвари давлат зарур мешуморанд, ки ҳар оила бояд захираи дусолаи маҳсулоти ғизоӣ дошта бошад.

Мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва коршиносони бахши озуқаворӣ тавсия медиҳанд, ки сокинон метавонанд дар мавриди аввал гандум, биринҷ, ҷав, лӯбиё, нахуд ва мошро захира намоянд, зеро ин донагиҳо қобилияти бештари захира шуданро доранд.

Барои нигоҳ доштани ин донагиҳо ба муддати тӯлонӣ шароити зерин бояд риоя карда шавад:

Намии маҳсулот бояд камтар аз 13–14% бошад;

Нигоҳдорӣ дар ҷои салқин, хушк ва торик тавсия дода мешавад;

Зарфҳои истифодашаванда бояд тоза, маҳкамшаванда ва қобили муҳофизат аз ҳашарот бошанд;

Барои муҳофизат аз зараррасонҳо истифодаи усулҳои табиӣ, аз қабили барги дафна, қаламфури сиёҳ ё сирпиёз натиҷаи хуб медиҳад.

Дар шароити хонавода истифодаи зарфҳои шишагӣ ва халтаҳои мустаҳкам роҳи хуби нигоҳдории дарозмуддати донагиҳо мебошад. Хонаводаҳо метавонанд захираи аз 3-моҳа то 12-моҳаи маҳсулоти ғалладонагии худро тартиб диҳанд. Ин иқдом на танҳо амнияти ғизоии хонаводаҳоро таъмин мекунад, балки воситаи муқовимат ба болоравии нархи бозор низ мебошад.

Имрӯз, вақте ҷаҳон бо буҳронҳои иқтисодӣ ва тағйироти экологӣ рӯбарӯ мешавад, саҳми ҳар шаҳрванд ба ташкили захира ва истифодаи оқилонаи маҳсулоти асосии ғизоӣ метавонад мусоидат намояд.

Бо ташкили захира дар ҳар хона мо на танҳо эҳтиёҷоти хешро бароварда месозем, балки дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии давлат дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузорем.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки масалан лубиёгиҳоро, ки ин маҳсулот дар Тоҷикистон васеъ истифода мешавад, метавон то 10 сол нигоҳ дошт. Сирри нигаҳдории дарози ин намуди маҳсулот дар коркарди дуруст ва муҳайё намудани шароити махсуси он аст. Барои ин онҳо бояд комилан хушк бошанд, дар қуттиҳои ҳавоногузар ва дар ҷои сарду торик нигоҳ дошта шаванд.

Муҳаққиқони Донишгоҳи Бригама Янга муайян намудаанд, ки пас аз 30 сол намуди зоҳирии лӯбиёгиҳои хушкшуда тағйир меёбад, аммо ҳама намунаҳо дар ҳолати фавқулода қобили истифода мебошанд. Ин маънои онро дорад, ки лӯбиёгиҳо дар асл метавонанд ҳадди ақалл то 30 сол нигоҳдорӣ карда шаванд.

Навъи маҳсулоти дигаре, ки дар хонаводаҳои тоҷик бештар истифода мешавад, ин биринҷ аст. Бинирҷ низ мисли лӯбиёгиҳо бояд дар қуттиҳои ҳавоногузар, дар ҷои сарду торик нигоҳ дошта шавад. Ба сифати борҷома беҳтар аст, ки зарфҳои пластикии хоси маводи ғизоӣ (PETE) ва зарфҳои шишагӣ истифода шаванд ва онҳо бояд маҳкам пӯшида шаванд.

Чуноне таҳқиқоти дар Донишгоҳи давлатии Utah State University (бузургтарин ва муҳимтарин муассисаи таҳсилоти олии иёлати Ютаи ИМА) гузаронида нишон медиҳад, агар ин шароит риоя шавад, биринҷро то 30 сол нигоҳ доштан мумкин аст ва дар ин муддат вай таъми лазиз ва бӯйи хуши худро гум намесозад. Бояд гуфт, ки дар таҳқиқот 2 навъи биринҷ — сайқалёфта ва бухордода истифода шудааст.

Мош низ қобилияти дуру дароз захира шуданро дорад. Ба тавсияи олимон, мош бояд дар зарфи шишагин, ки аз он ҳаво намегузарад, нигоҳ дошта шавад. Инчунин ба он бояд барги халиҷ ва намак ҳамроҳ кунанд, то аз ҳашарот эмин монад.

Ин зироат аз витаминҳо бой буда, 24 — 28 фоиз сафеда, 46-50 фоиз оҳар ва 2-4 фоиз равған дорад. Он ба инсон қувват мебахшад ва имунитети баданро мустаҳкам месозад. Аммо пизишкон ба одамоне, ки бемории аллергия (ҳассосият) доранд, истифодаи мошро тавсия намедиҳанд. Зеро он ба хурӯҷи ин беморӣ мусоидат менамояд.

Ба иттилои мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, дар умум аксари ғалладонагиҳоеро, ки дар Тоҷикистон парвариш карда мешаванд, захира кардан мумкин аст. Барои хушсифат мондани донагиҳо танҳо донистани тарзи дурусти нигоҳдории онҳо зарур аст.

Таҳияи Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 10, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
АЗ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ТО ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Марҳилаи нави ислоҳоти давлатӣ
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАРАНДАҲОИ МУҲОҶИР. Ҳудуди Тоҷикистон яке аз масирҳои асосии кӯчиши парандагон дар Осиё аст