Ёди мардони набард поянда бод!
Душанбе, 6.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бо иштироки ҷанговарони башардӯст ва омӯзгорону хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 ба номи А.Мироненкои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маҳфили ёдбуд баргузор гардид.
Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд, раиси Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Мирзоев аз корнамоиву шуҷоат ва қаҳрамониву далерии фарзандони миллати тоҷик дар солҳои ҶДҶ ёдовар шуд ва гуфт, ки иштирокдорони муҳорибаҳо пас аз итмоми ҷанг ба Ватан баргашта, саҳми босазои хешро барои ободии Ватан ва пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии мамлакат гузоштанд.
Имрӯзҳо аъзои Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадор ба қисмҳои ҳарбӣ ва муассисаву корхонаҳои гуногун рафта, корнамоиҳои беназири насли миллати тоҷикро тарғиб менамоянд.
Зикр шуд, ки аз 4 то 9 май дар ҷумҳурӣ «Ҳафтаи ёдбуд» гузаронида мешавад ва дар доираи ин иқдом 6 май чун «Ёдбуди мардони интернатсионалист» таҷлил мегардад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






