«Зани тоҷик-нигаҳдорандаи оташи урфӣ»-мулоқоти ҳамватанон дар Хабаровск

Май 28, 2016 10:42

Душанбе, 28.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори раиси бонувони тоҷики шаҳри Хабаровски Федератсияи Русия  Моҳтоб Хайруллоева дар толори Хонаи «Дӯстии халқҳо»-и ин шаҳр  бо номи «Зани тоҷик-нигаҳдорандаи оташи урфӣ» мулоқот баргузор гардид. Дар вохӯрӣ доираи васеи бонувони соҳибкори тоҷик, ки дар шаҳри Хабаровск ва Комсомоли лаби Амур  фаъолияти хуб доранд, ширкат карданд. Дар вохӯрӣ Робиямо Латифова, Шамсия Қурбонова, Шаҳодат Орифова, Санавбар Киромова дар бораи тарбияи дурусту ватандӯстонаи фарзандон, ба таҳсили илму марифат фаро гирифтани онҳо ва дур нашудан аз урфу одатҳои аҷдодӣ суханҳои пурмазмун  гуфтанд.
Дар вохӯрӣ муовини директори Хонаи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Хабаровск Татяна Ерофеевна бонувони тоҷикро тимсоли покиву зебоӣ ва фурӯзоннигаҳдорандаи оташи меҳру вафои хонадони шарқиёнаашон, ки дар он ҳурмати волидону калонсолон  ва тарбияи хуби фарзандон дар мадди аввал меистад, номид.
Дар охир пешниҳод гардид, ки барои омӯзиши духтарон мактаби махсуси таълими сӯзандӯзиву хӯрокпазӣ ва оиладории тоҷикона таъсис дода шавад, то рӯзҳои якшанбе толибилмон аз он сабақ гирифта, бо ин роҳ аз фарҳанги пурғановати тоҷикона баҳра бардоранд.

Садбарг Боқиева, Хабаровск

Май 28, 2016 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд