12 соли маҳрумият аз озодӣ барои ғорати шаҳрвандони хориҷӣ

Июнь 8, 2016 10:42

Душанбе, 08.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро  нисбат ба  Ҳасанов Януш Абдуллоевич,  соли таваллудаш 1986,  истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Додихудо, бинои №14, хонаи №3 бо айбдорӣ аз рӯи  моддаи 249, қисми 3, банди «д»-и Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  баррасӣ намуд.
Суд муайян  намуд, ки  Ҳасанов Януш Абдуллоевич   бо ҳаммаслаконаш- Одинаев Валиҷон Сайдалиевич, ноболиғон -Акрамов Маъруф Амонҷонович, соли таввалудаш 1999 ва Насриддинов Алиҷон Саидович, соли таввалудаш 1999    2 феврали  соли 2016, тахминан соати 20:30   ҳангоми дар роҳи пиёдагарди канори роҳи калони мошингарди кӯчаи Ҳ. Шерозии шаҳри Душанбе қарор доштанаш,  бо  маслиҳати пешакӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин Хан Чанг Фу ва Ванг Гангро, ки дар Маркази барқу гармидиҳӣ-2-и шаҳри Душанбе ба ҳайси челонгари трубина кор мекардаанд, бо  истифода аз корду мурувваттоб ва занҷир   зӯроварӣ  намуда, онҳоро ғорат карда, аз аввалӣ  як адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг гелакси», арзишаш 1500  сомонӣ ва аз дигарӣ 200 сомонӣ пули нақдро тасарруф намуда,   аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Баъди ду  рӯз  Маъруф Акрамов  бо ҳамроҳии ҳаммаслаконаш-   Януш Ҳасанов, Алиҷон Насриддинов   ба назди шиносаш -Мирзоев Раҳимҷон Шокирҷонович, ки дар кӯчаи Гагарини шаҳри Душанбе иҷоранишин буда,  дар роҳи калони мошингарди ҳамин кӯча ба фурӯши сӯзишворӣ машғул будааст, мераванд ва ба ӯ телефони ғоратнамудаашонро ба маблағи 300 сомонӣ мефурӯшанд.
Раҳимҷон  Мирзоев симкорти худро дар дохили телефони мобилии мазкур гузошта, онро истифода бурданӣ мешавад, ки паёмакҳо меоянд. Баъд кормандони милитсия ба назди ӯ омада, ҳуҷҷат тартиб дода, телефони мобилии мазкурро  мегиранд.  Номбурда зикр намудааст, ки  ҳангоми харидани   телефони мобилии мазкур дар хусуси бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шуданаш маълумот надоштааст, агар ў дар ин бора медонист, худи ҳамон лаҳза ба кормандони милитсия хабар медод.
Бо ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе   Ҳасанов Януш Абдуллоевич дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 249, қисми 3 банди «д» КҶ  Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда,  ба ӯ  ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12  сол бо адои ҷазо дар  муассисаи  ислоҳии низомаш сахт таъйин гардид.

Июнь 8, 2016 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид