4 голи беҷавоби Белгия ба дарвозаи Венгрия

Июнь 28, 2016 12:02

Душанбе, 28.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Белгия дар марҳилаи 1/8-ниҳоии Ҷоми Аврупо 2016 дарвозаи тими миллии футболи Венгрияро голборон намуд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Мунисипал»-и шаҳри Тулузеи Фаронса баргузор шуд. Дар дақиқаи 10-уми бозӣ мунтахаби Белгия бо голи задаи муҳофизатгар Тоби Алдервейрелд ҳисобро кушод.
Ҳарчанд ки бозингарони  дастаи мунтахаби Венгрия кӯшиш мекарданд, то ҳисоби бозиро мусовӣ кунанд, вале муваффақ нашуданд.  Қисми аввали бозӣ бо ҳамин натиҷа ҷамъбаст гардид.То дақиқаи 78-уми дидор дигар мухлисон шоҳиди задани гол нашуданд. Аммо мунтахаби Белгия баъди як кӯшиши капитани даста Эден Азар, ки аз кунҷи майдон партофт намуду онро Миши Батшуайи бо гол анҷом дод, ҳисобро боз таъғир дод. Баъди ду дақиқа Эден Азар худ бо як маҳорати хосса аз  чанд бозингари рақиб гузашту кунҷи дарвозаи Габор Кирайро нишон гирифту иштибоҳ накард ва ҳисоб 3:0 гардид. Дар дақиқаҳои охирини рақобат ба ҳамлаи ҷавобии созмондодаи тими мунтахаби Белгия, Янник Феррейра-Карраско нуқтаи ниҳоӣ гузошт.
Ҳамин тариқ, тими мунтахаби Венгрия маротибаи чаҳорум тӯбро аз дохили дарвозааш гирифт ва баъд аз ин гол Венгрия бо Ҷоми Аврупо хайрухуш намуд.
Дастаи мунтахаби Белгия ба марҳилаи 1/4- ниҳоии Чемпионати Аврупо роҳ ёфт ва дар ин зинаи мусобиқа  акнун бо тими миллии футболи Уелс рақобат мекунад.

Июнь 28, 2016 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад