4 муштзани тоҷик барои гирифтани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Рио-2016 наздик мешаванд
Душанбе, 20.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи охирини таснифотии боксчиёни ҷаҳон, ки ҳаққи ширкатро ба бозиҳои олимпии Рио -2016 муҳайё мекунад, дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон идома дорад. Дар мусобиқаи мазкур дар қатори 375 иштирокдор 8 нафар боксчиёни тоҷик низ муборизаро барои роҳхати олимпӣ шурӯъ карданд ва 4 нафарашон-Баҳодур Усмонов(56 кг), Шаҳбоз Неъматуллоев(75 кг), Меҳрубон Сангинов(81 кг) ва Ҷаҳон Қурбонов(91 кг) аллакай аз ҳарифони худ мағлуб шуда, муборизаро барои роҳхат аз даст доданд.
Дар рӯзи аввал Анвар Юнусов(60кг) бар намоянадаи Литва Эдгарас Скурделис бо ҳисоби 3:0 ғолиб омада, боксчии покистонӣ Алӣ Аҳмадро бо ҳамини натиҷа шикаст дод ва ба зӯрозмоиҳо 1/8-ниҳоӣ роҳхат гирифт. Акнун Анвар Юнусов 21 июн бо Валентино Доминеко аз Италия вориди ринг мешавад.
Файзен Раҳматшоев дар вазни 52 кг ҳарифони худро аз Эстония(Кирилл Сериков) ва Эфиопия(Абела Кабеде Туфи) мағлуб кард ва ҳамакнун дар рақобати навбатӣ бо Венсенсо Рикарди аз Италия имрӯз мусобиқа меорояд.
Бахтиёри Мирзомуҳаммад, ки дар вазни 69 кг Тоҷикистонро муаррифӣ дорад, ҳарифи худ Даниэл Бабикаро аз Словения саркӯб кард ва дар раунди сеюм бо накаут мусобиқаро ба нафъи худ анҷом дод. Имрӯз Бахтиёр бо Аббос Бороуи олмонӣ қувва месанҷад. Чорумин боксчии кишварамон, ки умеди роҳхати бозиҳои олимпиро аз даст надодааст, Шавкатҷон Раҳимов мебошад. Шавкат дар набарди аввал Енока Мвандил Поулсени даниягиро бо нишондоди 3:0 ноком кард ва дар 1/8- финал зӯрозмоиро бо Рошиэлд Виямси баҳрайнӣ интизор аст.
Ёдовар мешавем, ки дар рақобатҳои бокси олимпӣ танҳо 286 мушткӯбони ҷаҳон (250 мард ва 36 зан) имкон доранд роҳхатҳоро ба даст оварда, барои 13 маҷмӯаи медалҳо мубориза баранд.








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






