5678 нафар дар вилояти Хатлон соҳиби касбу ҳунарҳои дилхоҳ гардидаанд

Июнь 29, 2016 10:46

Душанбе, 29.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.   Дар панҷ моҳи соли равон аз тарафи мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  113 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод доир карда шуд, ки дар онҳо 1072 корхонаю ташкилотҳо ва муассисаю хоҷагиҳои гуногуни вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявӣ иштирок доштанд.
Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти  Хатлон иттилоъ доданд, дар ин ярмаркаҳо 1350 нафар шаҳрвандон ба кор роҳхат гирифта, 1123 адади онҳоро ҷойҳои кори доимӣ ташкил медиҳад. Инчунин 1470 нафар ба касбомӯзӣ ва 436 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб гардиданд.
Ҳамчунин дар доираи барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар миқёси вилоят дар панҷ моҳи соли равон 4162 нафар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ҷалб карда шуданд, ки 71,7 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Аз инҳо 2371 нафарашон курсҳои бозомӯзиро хатм намуда, соҳиби касб гардидаанд. Дар давраи панҷ моҳи соли равон 6739 нафар шаҳрвандон хоҳишмандона курсҳои кӯтоҳмудати касбомӯзиро бо тариқи худмаблағгузорӣ хатм карданд, ки ин 50,6 дарсади нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар кори касбомӯзӣ ва шаҳодатномакунии малакаи касбии шаҳрвандон нақши филиалҳои муассисаҳои Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят назаррас аст. Тавассути ин муассисаҳои касбомӯзӣ 5678 нафар шаҳрвандони вилоят соҳиби касбу ҳунарҳои дилхоҳ гардидаанд.

Июнь 29, 2016 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд