6 соли маҳрумият аз озодӣ барои суиқасди иштирок дар муноқишаҳои мусаллаҳона дар кишвари Сурия

Июнь 8, 2016 16:14

Душанбе, 08.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Суди ноҳияи Исмоили  Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро  нисбат ба Раҷабалиев Билол Қодиралиевич,  соли  таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи ноҳияи Хуросон, ҷамоати деҳоти Хуросон, деҳаи Фахробод бо айбдорӣ аз рӯи   моддаҳои 32, қисми 3-401 эзоҳи 1 Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  баррасӣ намуд.
Суд муайян  намуд, ки  Раҷабалиев Билол Қодиралиевич дидаю дониста, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2015 гурӯҳи террористӣ-экстремистии  ба ном «Давлати исломӣ»  ташкилоти террористӣ — экстремистӣ эътироф гардидааст,  ғояҳои гурӯҳи мазкурро қабул ва ҷонибдорӣ намудааст.
Бори  аввал  Б.Раҷабалиев  бо даъвати Абу-Имрон,  шахсияташ ба тафтишоти пешакӣ номаълум,  3 марти соли 2015 бо мақсади иштирок намудан дар муноқишаҳои мусаллаҳона   озими  сафар ба кишвари Сурия гардида, бо ин мақсад тавассути хатсайри Маскав-Истанбул ба давлати Туркия парвоз намудааст.
Номбурда  хостааст, ки тавассути барномаи интернетии «Однаклассники» бо Абу-Имрон ҳамсуҳбат шавад, аммо аз сабаби надоштани симкорти шабакаҳои мобилии туркӣ натавонистааст бо ӯ алоқа барпо кунад. Сипас аз дохили фурудгоҳи шаҳри Истанбул   берун баромада,  ҳамин тариқ 10  шабонарӯз  шабро дар кӯчаҳо ва масҷидҳои ин шаҳр рӯз кардааст.
Сипас ӯро кормандони ҳифзи ҳуқуқи давлати  Туркия дастгир намуда,  сабаби ба ин кишвар омаданашро пурсон шудаанд. Номбурда онҳоро фиреб дода,  гуфтааст, ки ба Туркия бо  мақсади кор кардан омадааст. Кормандони ҳифзи ҳуқуқи кишвари Туркия  раводиди (виза)  Б.Раҷабалиевро 13 марти соли 2015  маҳдуд (депортация) намуда,  ӯро  ба Федератсия Русия хориҷ  намудаанд.
Б.Раҷабалиев  аз ин хулосаи даркорӣ набароварда, бо мақсади амалӣ намудани кирдорҳои ҷинояткоронаи худ ва иштирок дар ҳайати ин гурӯҳи террористӣ маротибаи дуюм бо даъвати Абуҳасан,  шахсияташ ба тафтишоти пешакӣ номаълум, 7 феврали соли равон  тавассути хатсайри Маскав-Боку мақсади ба давлати Туркия ва сипас ба давлати Сурия  рафтанро намудааст. Номбурда   дар  фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Боку аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти Ҷумҳурии Озарбойҷон дастгир гардида,  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуд.
Раҷабалиев Билол Қодиралиевич дар мурофиаи судӣ худашро бо айби ба ў эълон кардашуда пурра гунаҳкор ҳисобида, аз кирдорҳои кардааш сидқан пушаймон аст.
Бо ҳукми  Суди ноҳияи Исмоили  Сомонии шаҳри Душанбе
Раҷабалиев Билол Қодиралиевич дар содир намудани ҷиноят аз рӯи моддаҳои мазкур гунаҳгор дониста шуда,   ба ӯ  ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ  ба муҳлати 6 сол бо адои ҷазо дар муассисаи  ислоҳии низомаш сахт таъйин гардид.

Июнь 8, 2016 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ. Амнияту субот омили асосии рушди устувори давлатҳо ва зиндагии шоистаи инсоният ба ҳисоб меравад