Ҳафтаи «Кӯдакони хушбахт» дар Кӯлоб
Кӯлоб, 01.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон дар доираи нақшаи чорабиниҳои 25 ҳафтаи иқдомҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва дар доираи ҳафтаи «Кӯдакони хушбахт» маҳфили фарҳангию фароғатӣ баргузор шуд.
Дар маҳфил зикр гардид, ки ҳамасола ҷашн гирифтани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ифодагари он аст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҳаёти кӯдакон бе тафовут набуда, ояндаи кишварро аз ҳастии онҳо медонад.
Намоиши ҳунарҳои дастии кӯдакон ба тамошо гузошта шуд. Кӯдакон ба машғулиятҳои шавқовар, аз ҷумла ба бозиҳои варзишии шоҳмот, гӯштингирӣ ва футбол фаро гирифта шуданд.
Ҳамчунин барномаи фарҳангии кӯдакон ва наврасон ба ҳозирин пешниҳод гардид, ки он ба ҳусни чорабинӣ шукӯҳи бештар зам кард.













Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






