«Ҷайш-ул-Ислом» осоишгоҳи Сурияро мавриди тирпаронӣ қарор дод

Июнь 1, 2016 16:35

Душанбе, 31.05..2016 / АМИТ «Ховар» /. Дар минтақаи Даҳият- ал-Асад  гурӯҳи мухолифини ба ном «Ҷайш-ул-Ислом» аз миномётҳо осоишгоҳи  Ибн Ал-Валид , инчунин мавқеи неруҳои мусаллаҳи Сурияро дар  Дума, Ҷавр-ал-Боша ва ду маротиба  Ҷавбарро  тирборон  карданд,- иттилоъ дод «Интерфакс» бо такя ба маълумоти  Маркази Русия оид ба оштӣ додани ҷонибҳои даргир .
«Неруҳои кайҳонии ҳавоии Русия ва неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии  Сурия оид ба гурӯҳҳои низомии мухолифине, ки эълони қатъи амалиёти ҷангӣ  кардаанд ва ба марказҳои оштии Русия  ё Амрико маълумот дар бораи ҷойгиршавии худ додаанд,  зарба назадаанд. Гурӯҳҳои созмонҳои терроризми байналмилалӣ кӯшиши вайрон  кардани қатъи амалиёти ҷангиро идома медиҳанд», — гуфта мешавад  дар баёния.

Июнь 1, 2016 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд