Ғалабаи «Локомотив» бар «Истиқлол» дар бозии дӯстона
Душанбе, 27.06.2016. /АМИТ«Ховар» /. Шоми дирӯз бозии дӯстона байни дастаҳои «Истиқлол» -и Душанбе бо «Локомотив»-и Маскав дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо ҳузури 11 ҳазор тамошобин баргузор шуд. Нимаи аввали дидор бо бартарии «Локомотив» сурат гирифт. Ҳисобро дар дақиқаи 32-юми бозӣ меҳмонон боз карданд. Тӯбро Алексей Миранчук аз ҷаримагоҳи мизбонон ба бурҷи дарвоза зад. Дастаи футболи «Истиқлол» дар дақиқаҳои охири нимаи аввали бозӣ танҳо як лаҳзаи голзанӣ дошт, вале аз он истифода карда натавонист. Дар нимаи дувуми бозӣ тими «Локомтив» бо ҳайати нав ба майдон омад. Бозӣ ранги дигар гирифт. «Истиқлол» бо тамоми қувва ҳуҷум мекард.Дар дақиқаи 53-юм ба ҳамлагар Дэвид Мавутор, легионери африқоии «Истиқлол» муяссар шуд, ки ҳисобро баробар намояд. Голи ӯ ба голи Миранчук шабоҳат дошт.
Дар дақиқаҳои охири бозӣ «Локомотив» боз пешоҳанг шуд. Голи ҳалкунандаро Шкулетич ба ҳадаф расонд. Ӯ тӯбро аз ҷаримагоҳи мизбонон бо зарбаи сар ба дарвозаи «Истиқлол» ворид кард.
Ҳамин тариқ, «Локомотив», қаҳрамони дукаратаи Русия, дар ин бозии дӯстона бар «Истиқлол», қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад






