Ғалабаи Венесуэла бар дастаи Ямайка дар Ҷоми Амрико-2016
Душанбе, 08.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бозингарони дастаи мунтахаби Венесуэла дар аввалин дидори худ дар Ҷоми Амрико-2016 тими мунтахаби Ямайкаро шикаст доданд. Ин бозӣ, ки миёни тимҳои шомили гурӯҳи С сурат гирифт, бо ҳисоби 1:0 ба анҷом расид. Ғолибияти тими мунтахаби Венесуэларо дар ин дидор голи ягонаи Ҷозеф Мартинес таъмин намуд ва ин голи ягонаи сабқат дар дақиқаи 15-уми бозӣ вориди дарвозаи тими мунтахаби Ямайка карда шуд. Бо вуҷуди ин, ки футболбозони дастаи мунтахаби Ямайка то анҷоми бозӣ ягон гол зада натавонистанд, дар дақиқаи 23-юми дидор як бозингари дастаашон кам гардид. Радолф Остин бо гирифтани корти сурх маҷбур шуд майдонро тарк намояд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Венесуэла бозии навбатии худро дар доираи Ҷоми Амрико 9 июн бо тими футболи мунтахаби Мексика доир хоҳад кард. Ҷоми Амрико, ки ба муносибати 100-солагии Конфедератсияи футболи Амрикои Ҷанубӣ бахшида шудааст, аввалин маротиба берун аз қитъаи Амрикои Ҷанубӣ баргузор карда мешавад.
Ин мусобиқа дар ИМА то 26-уми июни соли равон идома хоҳад кард.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






