Ҷаласаи шасту чоруми Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои дӯст дар шаҳри Тифлис доир гардид

Июнь 11, 2016 10:18

Душанбе, 11.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.    Ҷаласаи шасту чоруми Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои дӯст дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон доир гардид, ки дар кори он маъмурият ва кормандони роҳи оҳани кишварҳои узви ИДМ ва Балтика ширкат доштанд. Аз Тоҷикистон дар Шӯро сардорони хадамоти дахлдори роҳи оҳан бо роҳбарии сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон иштирок карданд.
Дар ҷаласаи Шӯро ба ҳайси нозир намояндагони роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касабаи роҳи оҳани соҳаи нақлиёт даъват шуда буданд.
Дар Шӯро масъалаҳои иҷрои қарорҳои ҷаласаи 63-юми Шӯро, нишондодҳои кори мусофирбарӣ дар соли 2015 ва семоҳаи соли 2016, меъёрҳои ҷадвали ҳаракати қатораҳо барои солҳои 2016-2017, нишондодҳои бақайдгирии контейнерҳо ва вагонҳои боркаш, ҳолати ҳисобу китоби хизматрасониҳо миёни маъмуриятҳои роҳҳои оҳан, иҷрои нақшаи сиёсати тарифӣ дар роҳҳои оҳани кишварҳои аъзои ИДМ, иҷрои нақшаи  хароҷоти таъмини фаъолияти дирексияи Шӯро барои соли 2015 ва дигар масоили марбута мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷониби «Роҳи оҳани Тоҷикистон»  оид ба пешравии кор, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ дар боркашониву мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан таклифҳо пешниҳод гардиданд.
Дар фарҷоми ҷаласаи Шӯро як гурӯҳ кормандони фаъоли роҳҳои оҳан барои хизматҳои арзанда ва саҳми босазо гузоштан дар пешрафти кор бо Ифтихорномаи Шӯро қадрдонӣ гардиданд. Аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Ҳавасҷон Раҳимов,  сардори қитъаоти суғдии Роҳи оҳан ва Маҳбуба Давлатова,  сардори бахши боркашонӣ ва банақшагирии бори хадамоти боркашонии РОТ бо мукофот қадр гардиданд.

Июнь 11, 2016 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид