Ҳалокати пиёдагардон дар садамаҳои нақлиётӣ
Душанбе, 17.06.2016 /АМИТ Ховар/. 15 июн ронандаи мошини номаълум ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент, дар рӯ ба рӯи Варзишгоҳи марказии шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, марди 60-солаи сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи мошини тамғаи ГАЗ-3102, марди 23-солаи сокини шаҳри Панҷакент дастгир карда шуд.
16 июн ронандаи мошини тамғаи Хундай-Старекс, марди 29-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Борбад аз тарафи кӯчаи Шестопалов ба тарафи кӯчаи Абай, дар рӯ ба рӯи кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, марди 35-солаи сокини ноҳияи Восеъро пахш намудааст. Пиёдагард дар натиҷа ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






