Амалишавии усули «Хона ба хона» дар вилояти Суғд
Душанбе, 08.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят оид ба гузаронидани вохӯриҳо ҷиҳати пешгирии шомилшавии занону духтарон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва аз байн бурдани либоси ба фарҳангу миллати мо бегона аз ҳисоби Шӯрои фаъолзанон ва намояндагони сохторҳои дахлдор гурӯҳи корӣ тартиб дод, ки онҳо бо усули «Хона ба хона» фаъолияти хешро ба роҳ мемонанд.
Аъзои гурӯҳи мазкур аз 1 то 6-уми июни соли равон дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ин усул корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бурданд.
Ба ҳайати гурӯҳи мазкур аз ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят бонувони фаъол шомил гардида, онҳо ҷиҳати пешгирӣ намудани пӯшидани либоси ба мардуми мо бегона (сатру ҳиҷоб), хосатан дар байни ҷавонзанону духтарон корҳои ташвиқотӣ гузарониданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






