Ҳамкории мақомот бо ҷавонон мустаҳкам мегардад

Июнь 4, 2016 10:26

Душанбе, 4.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷаласаи якуми Шӯрои “Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” доир гардид.

Дар он масъалаҳои тасдиқи Низомномаи Шӯрои маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта, ном, шиор ва рамзи маҳфил, нақшаи фаъолияти маҳфил дар соли 2016, муайян намудани заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти маҳфил, мушкилот ва дархосту пешниҳодоти ҷавонони дар хориҷи мамлакат таҳсилдошта баррасӣ шуданд.

Аҳтам Абдуллозода, раиси шӯро иброз дошт, ки ҳадаф аз таъсиси ин шӯро ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор баҳри дар амал татбиқ намудани Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, дар ин замина мусоидат дар ҳалли мушкилоти ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта мебошад.

«Ҷавонон ҳамчун давомдиҳандагони ҳадафҳои олии давлат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ, ба хотири пешрафти ояндаи Ватани маҳбубамон дар хориҷи кишвар пайи аз худ кардани илм ва техникаву технологияи муосир мебошанд. Айни ҳол беш аз 30 ҳазор нафар ҷавони соҳибистеъдоду лаёқатманди мо дар хориҷи мамлакат аз ҳисоби давлат таҳcил доранд”, — гуфт А. Абдуллозода.

Иқдоми мазкур имкон медиҳад, ки ҳамкории вазорату идораҳои давлатӣ бо ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта мустаҳкам гардида, заминаи муассирро дар таҳкими дӯстӣ, ҳамкорӣ, ҳамгироӣ ва ватанпарастии ҷавонон баҳри хизмати шоён ба давлату миллати хеш гузорад.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади дастгирии маънавию иҷтимоии ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта дар назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Шӯрои “Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” таъсис ёфта, намояндагони Вазорати маориф ва илм, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оила узви шӯро мебошанд.

Июнь 4, 2016 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад