Ҳамоиш, паради ҳарбӣ ва барномаи театрӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолият дар варзишгоҳи марказии Қурғонтеппа

Июнь 13, 2016 09:32

Душанбе, 13.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба таҷлили ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар кори он мудирони шуъбаю бахшҳо, сардорони раёсатҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба соҳаи иҷтимоӣ ва мудирони шуъбаву бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи Кумитаи тадорукот гузориши муовини раиси вилоят оид ба омодагӣ барои баргузории ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят ва корҳои то ба имрӯз ба анҷомрасида ва дарпешистода шунида шуд.
Аловиддин Абдуллоев, роҳбари Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилояти Хатлон ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қурғонтеппа оид ба баргузории ҳамоиш ва паради ҳарбӣ, Бурҳониддин Раҷабов, сардори раёсати фарҳанги вилоят оид ба баргузории чорабинии театрии фарҳангӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолият дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Қурғонтеппа маълумот доданд.
Раиси вилоят аз камбудиҳои ҷойдошта изҳори нигаронӣ намуда, таъкид намуд, ки ҳарчи зудтар барои дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ баргузор намудани таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Июнь 13, 2016 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд