Анҷумани ғайринавбатии Иттифоқи композиторон баргузор мешавад
Душанбе, 4.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Иттифоқи композиторони Тоҷикистон рӯзи 6 июн анҷумани ғайринавбатии худро дар Душанбе баргузор хоҳад кард. Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, анҷумани ғайринавбатии Иттифоқи композиторони мамлакат бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ ва композиторону мусиқишиносон аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон баргузор мешавад.
Қарор аст, дар анҷумани ғайринавбатии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон 58 узви ин созмони ҷамъиятӣ иштирок кунанд ва роҳбари нави иттифоқ интихоб карда шавад. Ин дар ҳолест, ки бар асоси оинномаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва тасмими ин созмони ҷамъиятӣ анҷумани навбатии иттифоқ бояд моҳи декабри соли 2018 баргузор мешуд.
Хотиррасон менамоем, ки феълан сарварии Иттифоқи комозиторони Тоҷикистонро оҳангсози маъруф, дорандаи ҷоизаҳои ватанию байналмилалӣ Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Ҳикматов бар уҳда дорад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






