«Андалеб-2016» дар Хатлон дар сатҳи баланд доир гардид
Қурғонтеппа, 10.06.2016 /АМИТ Ховар/. Даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ- «Андалеб 2016» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.
Тавре аз Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар навоҳии Шамсиддини Шоҳин, Вахш ва Фархор фестивал- озмуни ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланди маърифатию фарҳангӣ доир гардид.
Тибқи низомномаи фестивали мазкур гӯшаи ҳунарҳои миллӣ ташкил карда шуд, ки дар он ҷавондухтарону бонувони деҳот намунаи ҳунару маҳорати хешро ба тамошо гузоштанд.
Ин чорабинии фарҳангӣ бо ҷалби истеъдодҳо ва дастаи ҳаваскорони ҳар як деҳот, ташкилоту муассиса, кӯдакистону мактабҳо дар сатҳи баланд доир гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






