Ҷангиёни «Толибон» дар натиҷаи зарбаи ҳавоии навбатӣ дар Ҳилманд ба талафоти ҷонӣ дучор шуданд
Душанбе, 15.06.2016 / АМИТ «Ховар» /. Дар натиҷаи амалиёти навбатии поксозӣ дар ҳудуди музофоти ҷанубии Афғонистон- Ҳилманд 28 ҷангиёни «Толибон» кушта шуданд,- иттилоъ доданд намояндагони фармондеҳии низомии маҳаллӣ.
Муҳорибаҳои ҳарбӣ шоми рӯзи душанбе дар шаҳри Лашкаргоҳ- пойтахти музофоти Лашкаргоҳ ба амал омаданд. Талафот аз сафҳои ҷангиён дар натиҷаи бомбаборони ҳавоӣ буд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар байни 28 ҷангии кушташуда панҷ тан аз фармондеҳони саҳроӣ, маъруф ба мулло Рақиб, Кари Омир, Фирдавсӣ, Ҷиҳодулло ва Башир Оғо нобуд шуданд.
Илова бар ин, 16 шӯришгари дигар захмӣ шуданд,-иттилоъ медиҳад агентии хабаргузории «Пажвок».
Дар солҳои охир нақши бештар ва фаъолеро дар амалиёти поксозӣ дар қаламрави Ҳилманд неруҳои ҳавоии НАТО мебозанд.
Хотиррасон месозем, ки дар чанд рӯзи гузашта дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии неруҳои хориҷӣ дар шаҳристони Герешк боз 42 низомии дигар кушта шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






