Антон Илйинский: Аз пайи «хованчиён»-и муосир
Душанбе, 11.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ин муноқиша чандсад нафар аз Қафқози Шимолӣ ва Осиёи Марказӣ ба ҳам дарафтоданд ва яке аз тарафҳо аз аслиҳаи оташфишон истифода кард. Айбдоршавандагони парвандаи ҷиноӣ, ки аз ҷониби ИДТ КТР дар Маскав тафтишот бурда мешавад,13 нафар буданд, ки ҳамаи онҳо ба гурӯҳи «варзишгарон»-и доғистонӣ ва чечен шомиланд. Бино ба фарзияи КТР ҳамаи онҳоро барои муноқиша бо тоҷикон, директори собиқи оромгоҳ Юрий Чабуев даъват кардааст. Ҳамзамон ҷаноби Чабуевтибқи тафтишот дар ин низоъ иштироки фаъол доштааст. Дар ҳар сурат, аз тамоми айбдоршавандагон танҳо ӯ ва собиқ корманди гурӯҳи мустаъфии таъйиноти махсус Александр Бочарников, ки солҳои охир ҳамчун ҳуқуқшинос фаъолият мекунад, дар амали куштор айбдор дониста мешаванд. Боқимонда мувофиқи тафтишот авбош будаанд. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз оид ба тақсими дақиқи нақшҳо сухан рондан барвақт аст. Кадоме аз ин ҳамлакунандагон се нафарро кушта ва боиси ҷароҳати гуногун бардоштани даҳҳо нафар гардидаанд, тафтишот ба воситаи ташхиси аллакай таъйиншудаи баллистикӣ ва вазъиятӣ муқаррар мекунад. Ҳамзамон додгоҳи ноҳиявии Шербинский сарнавишти 29 нафар тоҷикони дастгиршудаи Хованро ҳал кард. Ҳафт нафари онҳо барои вайрон кардани қоидаҳои умумии будубош аз Русия хориҷ карда шуданд ва дигарон барои авбошӣ 15 рӯз ҳабси маъмурӣ гирифтанд.
Баъд аз ду ҳафта, ҳамаи муваққатан боздоштшудагон ва ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалбшудагон муҳлаташонро гузаронида, озод карда шуданд. Аммо барои тасдиқи оне, ки низоъ ҳалли худро ёфт , ин ягон асос буда наметавонад. Баръакс набояд истисно кард, ки неруҳои мухолиф аз нав хуруҷ карда, барои муҳорибаи пурра омода шаванд.
Сокини пойтахт, ки аз ин қазия иттилоъ надорад, бо саволҳои «Чӣ рӯй дод?», «Кӣ гунаҳкор аст?», «Дар куҷо ва кай чунин қазия такрор хоҳад шуд?» ҳар гуна тахмин мезанад. Пешниҳод менамоям ҳамроҳ бо ин саволҳо дар нашрияе, ки унвонаш махсус «Аз пайи «хованчиёни» муосир» гузошта шудааст, ҷавоб ёбем.
Чаро муаллиф ба чунин сарлавҳа рӯй овард? Тавре ки маълум аст, «хованчиён» ё ин ки пайравони Хованский таърихан дар зеҳни сокинони Маскав ҳамчун шӯриши тирандоз (стрелетс) ва сарбозон нақш бастааст, ки аз ҷониби як қисм сокинони Маскав ва атрофи он (баҳор — тирамоҳи соли 1682) дастгирӣ ёфта буд. Ин тазоҳурот бо суиистифода аз маъмурияти боярудворянӣ ва сатҳи олии тирандозон (стрелетсҳо) сурат гирифт ва ба номи сардори дастаи Стрелетсҳо И.А. Хованский номгузорӣ шуд. Дар баҳори соли 1682 дар пойтахт 19 полки дастаи тирандоз (Стрелетск) бо теъдоди тақрибан 15 ҳазор нафар қарор дошт. 15май тирандозон (стрелетсҳо) ва сарбозон Кремлро ишғол карданд. Сокинони Маскав аз ҳисоби слободаҳои сиёҳ ба Майдони сурх баромаданд. Ҳуҷҷатҳои дастаҳои Холопйе ва Судний нобуд гардиданд. Дар се рӯз: 15-17май боярҳо-князҳо Ю.А. и М.Ю. Долгорукийҳо, князҳо Г.Г. Ромодановский, А.С. Матвеев, И.М. Язиков, И.К. и А.К. Наришкинҳо қатл шуданд- ҳамаи онҳо дар суиистифода гунаҳкор ҳисобида шуданд.
Маскав дар дасти исёнгарон қарор дошт. Пойтахтро дворянҳо ва одамони даста тарк мекарданд. 26 май калисои Земский бо дархости исёнгарон Ивани V-ро подшоҳи «аввал», Пётри I -ро подшоҳи «дуюм» эълон кард. Сарвари маликаҳои ҷавон хоҳари калонии онҳо София Алексеевна шуд.
Қисми ҷудонашавандаи исён «қиёми тафриқаандоз» буд. Дар охири моҳи июн пайравони ин «имони куҳан» таҳти роҳбарии Никита Пустосвят талаб карданд, ки оид ба имон бо Патриархи Йоаким мубоҳиса доир созанд. Мубоҳиса 5 июл дар Қасри Грановит сурат гирифт. Сарфи назар аз он, ки баҳс бе натиҷа анҷом ёфт, тарафдорони Никита Пустосвят аз ҳуҷра бо ин нидо баромаданд: «Pobedihom!». Дар рӯзҳои минбаъда, ҳукумат тавонист тирандозон (стрелетсҳо)-ро ба сӯи худ ҷалб кунад. 11-уми июл Никита Пустосвят дастгир ва қатл гардид. 16-уми сентябр бо фармони София, ҳамроҳ бо 70 тирандоз (стрелетс) Иван Хованский, ки дар асл идоракунандаи тамоми корҳои ҷории шӯришиён дар Маскав буд, ба Воздвиженское омад. 17 сентябр ӯ дар наздикии деҳаи Пушкино боздошт шуд ва ба Воздвиженское оварда шуд. Дар ҳамон рӯз ӯ ва писари калониаш ба қатл расонида шуданд. 3 ноябр хонаводаи шоҳ ба Кремл бозгаштанд.
Ин аст достони 334 соли пеш. Хонанда бе сабаб намепурсад: «Миёни ин ду ҳодиса чӣ рабте мавҷуд аст? Чаро ҷанҷоли коргарони муҳоҷир бо ҳодисае, ки самти рушду густариши Русияро ба бештар аз ду аср пештар, то сарнагун шудани сулолаи Романовҳо, яъне моҳи феврали соли 1917 муайян кард? » дар як қатор монда шудааст.
Расман чунин ба назар мерасад, ки муттаҳидкунанда танҳо номи маъмул аст: «Хован-хованчиён » Вақте ки шумо ба омӯхтани моҳияти масъала амиқ фурӯ меравед, маълум мегардад, ки ин мувофиқат тасодуфӣ нест.
Оромгоҳи Хован дар соли 1972 дар ҳудуди деҳаи Николское таъсис дода шуд, ки аз соли 1639 то 1682 ба сардори тирандозон (срелетсҳо) Иван Андреевич Хованскоий тааллуқ дошт. Дар соли 1920 он ба Николо Хованское иваз карда шуд. Имрӯз ин минтақа ба ҳайати Маскав ( ноҳияи маъмурии Маскави нав) дохил карда мешавад. Айни ҳол оромгоҳ бузургтарин қабристони пойтахт аст, ки масоҳати умумии он 197,2 гектарро ташкил медиҳад. Умумияти ин ду таърих ҳатто дар сана-14 май- ибтидои лаҳзаҳои хунин мавҷуд аст.
Албатта, тирандоз (стрелетс) Иван Хованскийро бо тамоми хоҳиш наметавон бо тирандозони Юрий Чабуев муқоиса кард. Бо вуҷуди ин, дар ин ҷо пайванд ноаён мемонад. Ақаллан дар он, ки лашкари тирандозҳо (стрелетсҳо) ва коргарони муҳоҷир аз як чиз азият мекашанд — аз бюрократияи дуздона, зеро ки чизи каси дигареро, ки ба онҳо дахл надорад, аз худ мекунанд. Ва ин муҳим аст. Аз ин рӯ, хатари табдил ёфтани муноқишаи байни миллатҳо ба эътирози умумимиллӣ — эътироз бар зидди падидаи омма, ки дар кишвари мо фасод, ришваситонӣ, азхудкунии моликияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ҳамла ба моликияти шахсӣ, ба ҳаёт ва амнияти мардум мебошанд, шиддат мегирад. Маҳз ҳамин омил ба рушди кишвар таъсири манфӣ расонида, боиси вайронкунии ислоҳот гардида, ба коршикании касоне, ки онҳоро қабул надоранд, оварда мерасонад, ба «хованчиён»-и нав даъват менамояд, ки дар мубориза бар зидди он президенти Русия В.В. Путин ва дастаи ӯ метавонанд мағлуб шаванд.
Сарфи назар аз хомӯшии барқароршуда дар атрофи муноқишаи оммавии 14 май дар оромгоҳи Хован ин манзара равшантар мегардад. Хомӯшанд барои он, ки ин бар манфиати «устодони кори дафн» нест. Агар шумо нахро кашида, ин ғалтакро боз кардан гиред, он эҳтимолан аз Юрий Чабуев ба департаменти дахлдори Ҳукумати Маскав рафта мерасад ва шояд ҳатто ба шохаҳои баландтар. Албатта, ба болотар, чунки «тағйирот» ва бесарусомонии оромгоҳӣ на танҳо барои Маскав, балки барои тамоми Русия хос аст. То чӣ андоза халқи худро содалавҳ ҳисобидан лозим аст, то ки онро бо афсона оид ба «бехабар» будани роҳбарон аз вазъи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар қабристонҳо, оид ба ҳақситонӣ аз хешовандон ва дӯстони фавтида «фиребӣ». Барои аҳамият надодан ба он ки соҳаи тамаъҷӯӣ «ба бадбахтӣ» асос ёфтааст, бояд кӯр, кар ва бедил бошӣ. Не, барои ин бояд дузд ва порахӯри ҳирфаӣ бошӣ. Бо он назорате, ки ноаён дар ҳар қабристон ва дар ҳар дафн вуҷуд дорад, ҳеҷ амалиёте аз мадди назар дур намемонад, чунон ки миёнаравон мегӯянд, ба ҳама чиз андозҳо ва тарофаҳои худро муқаррар кардаанд. Шумо фикр мекунед, ки ҳар кас худаш ба қабристон омада, хизматрасонӣ таъйин мекунад?
Бо дастони коргарони муҳоҷир корҳоеро анҷом медиҳанд, ки мақомоти оромгоҳ бояд мустақилона ва бо маданият онро ташкил кунанд. Коргарони муҳоҷирро барои ташкили тиҷорати ғайриқонунӣ ба ин ҷо ҷалб мекунанд.
Беҳуда дар ин бунбаст зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз қарор нагирифтаанд. Коргарони муҳоҷир дар Русия — як Klondike барои тамоми системаи коммуналӣ, ободонӣ ва сохтмонҳои мо мебошанд. Дар ин ҷо на танҳо ҳаққи илова пардохт намекунанд, балки ин ҷо меҳнати ғуломӣ ҳукмрон аст. Надоштани ҳуҷҷатҳои лозимии муҳоҷиратӣ, надонистани забони русӣ ва қонунҳои маҳаллӣ бар нафъи корфармо аст. Чунки коргари беҳуқуқу хомӯш бозёфт аст, ки барои ташкилкунандагон даромади ҳангуфт (калон) меорад. Бино ба баъзе ҳисобҳо, бизнеси соягӣ дар ин самт, танҳо музди меҳнати миллиардҳо рублро дар як моҳ ташкил медиҳад. Бинобар ин, ба ин соҳа муҳоҷирони дохилии Русия аз ноҳияҳои ҳамсоя роҳ дода намешаванд. Бо онҳо наметавонӣ дағалона ва берӯёна, ошкоро ва авбошона рафтор кунӣ……
Мепурсед: чаро қафқозиҳо? Хеле одӣ, барои баъзеи онҳо вазифаи «муштзан», мутеъ кардани «қайсарон»-ро дар оғози хусусигардонии ҳукумати ҷавонислоҳотчиёни Гайдару Чубайс муайян кардаанд. Аксаран барои ин ҳадаф, чун дар қазияи Хован аз гурӯҳҳои этникӣ истифода мекунанд. Дар ин ҳолат аз ҳамон тоҷикон. Изтироб ва нигарониро на танҳо задухӯрди оммавӣ меорад, балки фикри он ки магар ин зуҳуроти нав пайдошуда ё аз солҳои 90 баргашта, ки ба сари қудрат омадани ҷиноятпешагонро бо пайванди нафратовар бо мафияи ташкилшуда инъикос менамояд. Бисёре аз далелҳо ба ин ишора мекунанд! Чӣ тавр онро арзёбӣ намоем, вақте ки роҳбарияти кишвар ва шахсан Президент В.В. Путин масъулиятро дар мубориза бар зидди коррупсия пурзӯр намуда, яке аз паси дигар ҳокимон, роҳбарони шаҳрҳои калон ва ҳатто кормандони федералиро ба дасти сохторҳои судӣ медиҳанд, вале доираи ҷиноят дар ин самт танҳо васеътар мешавад. Гузашта аз ин, сохторҳои гурӯҳии ҷиноӣ фаъолона ба соҳаи сиёсӣ ворид мешаванд ва ба рӯзномаи сиёсӣ таъсир мерасонанд. Ин, махсусан дар заминаи интихоботи федералии парлумонӣ ва президентии дарпешистода эҳсос мешавад.
Метавон ба чунин хулоса омад: пирӯзӣ дар интихобот агар бар фасод пирӯз нашавӣ, бо он муборизаи ҷиддӣ набарӣ, аллакай ғайриимкон аст.
Дар ин мақола ман мехостам, ки дар бораи зарардидагон- зодагони Тоҷикистон алоҳида суҳбат намоям. Бо амри тақдир ман муддати дароз дар ин кишвари аҷиб кор ва зиндагӣ кардам ва дар тӯли ҳаёти худ аз ҷумлаи тоҷикон дӯстони зиёд дорам. Дар хотир дорам, ки дар Тоҷикистон пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравиро чӣ қадар душвор қабул намуданд. Бо шарофати Иттиҳоди Шӯравӣ ва сотсиализм тоҷикон пас аз ҷудоии садсолаҳо чун миллат эҳё гардида, фарҳанг ва суннатҳои худро барқарор намуданд.
Дар Тоҷикистон, бо назардошти шароити вазнини кӯҳӣ – геологӣ ва норасоии замин сатҳи таваллуд ҳамеша бештар аз ҷойҳои корӣ буд. Аз ин ҷо ташаббуси омодакунии кадрҳо дар омӯзишгоҳҳои касбии Русия ба миён омад. Роҳбарони онвақтаи комсомоли тоҷик A. Сатторов, С. Султонов, Р. Mусоева, Р. Ӯлмасов, Ш. Зуҳуров ва дигарон., бо дастгирии роҳбарони ҷумҳурӣ барои татбиқи ин барнома корҳои зиёдеро анҷом доданд. Ҳамасола тақрибан 5000 хатмкунандагони мактабҳои миёна бо роҳхатҳои комсомол ба Русия ва Украина фиристода мешуданд, дар ин ҷо соҳиби касбу ҳунар гардида, дар корхонаҳо кор мекарданд, дар сафи артиш хизмат мекарданд, ошиқ мешуданд, оиладор мешуданд …
Ва танҳо фурӯпошии умумии кишвари бузург ин иқдоми наҷибро қатъ карда, дар ҷойи он муҳоҷирати меҳнатиро ба миён овард. Сароғоз тоҷиконро дар Русияи елтсинӣ воқеан муносибат ба онҳо ҳамчун ба тайёрхӯрон нороҳат месохт, зеро ки онҳо ҳаргиз чунин мардум набуданд.
Маро ҳамеша муносибат нисбат ба кўдакон дар оилаи тоҷик дар ҳайрат мегузошт. Ин ҷо меъёри таваҷҷуҳ ба кўдак на сарват, балки меҳрубонӣ ва муҳаббат аст. Бо шири модар дар замири кўдакон муҳаббат ба падару модар, ба замин, эҳтиром ба пирон ва кор, вафодорӣ ва самимият дар дӯстӣ, ҷидду ҷаҳд дар меҳнат ва омӯзишро тарбия мекунанд. Тоҷикон бо маънои пурраи ин калима хушахлоқанд, мушкилотро сарбаландона ва мардона паси сар мекунанд. Онҳо самимӣ, боэҳтиром ва фурӯтан буда, истеъдоди баланди мусиқидонӣ доранд. Хулоса, Абӯалӣ ибни Сино, Хайём, Айнӣ инъикосгари қалбу хислати ин мардуми беш аз андоза меҳмоннавозу меҳнатдӯст мебошанд.
Албатта, фиреби бузург мешавад, агар ҳамаи тоҷиконро фаришта ҳисобем, ба қавли маъруф панҷ ангушт баробар намешавад. Дар байни тоҷикон унсурҳои ғайрииҷтимоӣ ҷой доранд, ин ҷо босмачигарӣ пайдо шуд, сафҳои Толибон ва ДИ мунтазам бо ифротгароёни мазҳабӣ аз Тоҷикистон пур мешаванд, ба Русия на танҳо коргарони муҳоҷир, балки ҳамчунин қочоқчиёни маводи мухаддир ворид мешаванд. Мутаассифона, дар фазои носолими соҳибкории Русия,ки бо дуруштӣ, ҳирсу тамаъ, дуздӣ фарқ мекунад, баъзан тарафҳои беҳтарин хислатҳо аз ҳаёти тоҷикон нодида мемонад. Аммо аз ин танҳо як чизро дарк мекунем: тоҷикон ва ҳамаи онҳоеро, ки аз фазои собиқ Шӯравӣ барои кор ба кишвари мо меоянд, набояд ба дасти неруҳои ҷиноии бозорӣ супорем. Тоҷикро набояд то ба ноумедӣ расонем, зеро ки ӯ дар он сурат ба ғазаб меояд, дар муҳориба нотарс мегардад ва маргро аз шармандагӣ авлотар медонад.
Ба Русияи имрӯза тоҷики дӯст лозим аст, на душман. Ин аз ҳар ҷиҳат ба тамоми мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дахл дорад. Барои ин кор, мо бояд он чизеро, ки дар даврони Шӯравӣ моро дар сатҳи ғайридавлатӣ ва инсонӣ мепайваст, ҳифз намоем. Кори дигар ин аст, ки ҳар гуна дуздон, роҳзанону ришвахӯронро, ки бо мақсади гирифтани фоида ва «сайди хушбахтӣ ва мартаба» ба оғӯши деринтизори ришвахӯрон ва ҷинояткорони Русия ба кишвари мо мешитобанд, набояд дастгирӣ кард. Хушбахтона, ба тоҷикон ин камтар дахл дорад.
Дар 25 сол баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, чуноне ки мегӯянд, «зиндагии ҷудо», мардумони мо бисёр чизҳоро ёд гирифтанд. Фарқ кардани риёкорӣ аз ростӣ, эҳтиром аз сохтакорӣ, дӯстӣ аз душманиро омӯхтанд. Мо чун фарзандони як оилаи бузург бояд лаҳзаҳои хушбахтии ҳаёти якҷояро дар ёд дошта бошем, ба он чизҳое, ки пеш муҳим набуданду ҳоло сохтаанд, аҳамият надиҳем. Барҳамхӯрии давлати умумӣ ва оилаи калони халқҳои Шӯравӣ бародарӣ ва хешигарии инсониро иваз намекунанд. Ҳар касе, ки инро фаромӯш мекунад, бо ноустуворӣ ва носуботӣ дар оилаи худ ҷавоб медиҳад.
Комгор бошед, ҳамватанон!
Антон Илйинский
Сарчашма: «АПН»