Имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даромад аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳон 20,4 миллион сомониро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 07.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола сайёҳону кӯҳнавардони зиёд қуллаҳои Исмоили Сомонӣ, Истиқлолият, Корженевский, Абуалӣ ибни Сино, пиряхҳои Ванҷях, Хирсон, кӯлҳои Қаракӯл, Сарез, Яшилкӯл, Бурункӯл, чашмаҳои шифобахши Ҷелондеҳ, Гармчашма, Авҷ, Бибӣ Фотимаи Заҳро, Модиён, Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мамнуъгоҳи «Зоркӯл» ва Боғи ботаникии Помирро тамошо менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ медиҳад.
Дар 9 моҳи соли равон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 41614 сайёҳ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 баробар зиёд мебошад. Даромад аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳон 20,4 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ҳоло Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз минтақаҳои пешрафтаи сайёҳӣ маҳсуб мешавад. Ин минтақаи дурдасти мамлакат таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро бо табиати афсонавӣ, кӯҳҳои осмонбӯс ва дарёҳои тиллоии худ бештар ҷалб намудааст.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабзазорҳои алпӣ, биёбонҳои баландкӯҳ, водиҳои зебо, дарёҳои тезҷараён, кӯлҳои мусаффо ва меъмории ғайримуқаррарӣ дили садҳо сайёҳонро тасхир намудааст. Табиати зебо, манзараҳои дилфиребу нотакрор, обҳои зулол, ҳавои тоза, меваҳои шаҳдбор, кӯҳҳои сарбафалаку барфпӯш, мардумони самимию меҳмоннавоз ва этнографияи беамсолаш таваҷҷуҳи сайёҳонро пайваста ба ин минтақаи сайёҳӣ ҷалб менамояд.
Ба ин ҷо асосан нафароне меоянд, ки сайёҳии экологиро меписанданд. Онҳо алоҳида-алоҳида ё ду-сенафара бо дучарха саёҳат мекунанд. Дар баробари ин ҳамасола дар Тоҷикистон Экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ баргузор мегардад, ки зимни он кӯҳнавардон аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон ба қуллаҳои баландтарини Бадахшон мебароянд.
Қисми зиёди сайёҳоне, ки ба Бадахшон омадаанд, аз Аврупо, Осиё, Амрико ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд. Ин далели он аст, ки ин минтақаи мамлакат барои сайёҳони хориҷӣ хеле ҷолиб мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
НӮШОКИҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОНҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН. Андешаҳо дар ин маврид
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд






