Анвар Юнусов — соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016

Июнь 24, 2016 08:10

Душанбе, 24.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Анвар Юнусов, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид. Дар ин бора Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вай дар ин мусобиқа, ки дар пойтахти Озарбойҷон  шаҳри Боку  ҷараён дорад, дар вазни то 60 кило ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Анвар Юнусов  баъди се пирӯзӣ бар Эдгарас Скурделис (Литва), Алӣ Аҳмад (Покистон) ва Доменеко Валентино (Италия) бо ҳисоби якхелаи 3:0, шаби панҷшанбеи 23 июн дар даври чорякниҳоӣ Волкан Гоксекро аз Туркия бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Зимнан, Анвар дар Рӯзи олимпӣ пирӯз шуд.
Ҳамин тариқ, Анвар Юнусов муборизаро барои унвони қаҳрамони мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар Боку  идома медиҳад. Ӯ дар даври нимниҳоӣ, ки бегоҳи ҷумъаи 24 июн баргузор мешавад, бо Ҷун Шан аз Чин рақобат мекунад. Сарфи назар аз натиҷаи қувваозмоии нимниҳоӣ муштзани пуртаҷрибаи тоҷик ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф гашт, зеро ки ӯ ҳадди ақал ҷойи севумро мегирад.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Шавкатҷон Раҳимов дар вазни то 64 кило пас аз ду пирӯзӣ бар Енок Мвандила Поулсен (Дания) ва Рошиелд Виллямс (Баҳрайн) бо ҳисоби якхелаи 3:0, дар даври  чорякниҳоӣ 23 июн аз Кумар Маноҷ (Ҳиндустон) шикаст хӯрд. Агар варзишгари Ҳиндустон, ки ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт, ғолиби мусобиқа шавад, он гоҳ Шавкатҷон Раҳимов ҷойи панҷумро мегирад ва ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи навбатӣ даст меёбад.

Июнь 24, 2016 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид