Ҷашнгирии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Қурғонтеппа

Июнь 28, 2016 11:15

Қурғонтеппа, 28.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз дар маркази маъмурии вилояи Хатлон- шаҳри  Қурғонтеппа  Рӯзи Ваҳдати миллӣ  ботантана  таҷлил  гардид.  Раиси  вилояти Хатлон  Давлатшох Гулмаҳмадзода  зикр  кард, ки нимаи дуюми асри ХХ ба халқи тоҷик муяссар гашт, ки баъди ҳазорсолаҳо аз нав соҳиби давлати миллии худ гардада, ба ҷаҳониён соҳибдавлату соҳибтамаддун будани худро эълон дорад.
«Асоси ин модели сулҳофариро таҳаммулпазирӣ, созиш ва гузашт карданҳо ташкил медиҳад, ки он дар заминаи тафаккуру хирад ва фарҳанги волои сиёсии мардуми тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст»,-изҳор дошт    Д. Гулмаҳмадзода.
Дар ин рӯз  инчунин  намоиши  ихтирои  наврасон  аз  шаҳру ноҳияҳои  вилоят ба  тамошо гузошта шуд.  Ҳунармандони театри  касбии  ба  номи Ато  Муҳаммадҷонов  бо саҳнаи  тайёрнамудаи худ  дар назди ҳозирин  баромад карданд.
Аз  тарафи ҳунармандони шаҳр ва  вилоят барномаи консертӣ  пешкаши сокинон гардонида шуд.

Июнь 28, 2016 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад