Қасри нав барои фарҳангчиёни Ёвон

Июнь 29, 2016 10:00

Душанбе, 29.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.   Имсол бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон барои бозсозӣ ва азнавбарқароркунии қасри фарҳанги ноҳия, ки солҳои   тӯлонӣ рӯи таъмирро надида буд, аз ҳисоби буҷаи ноҳия як миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, азхудкунии он давра ба давра амалӣ гардида истодааст.
Тавре  ки Аҳлиддин Қулов, мудири бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи зикр кард, айни замон дар иншооти мазкур корҳои таъмиру барқарорсозӣ аз рӯи нақша бомаром дар ҷараён аст.
Зикр шуд, ки бо истифода аз шароити мусоиди маблағгузорӣ қасри мазкур бо таҷҳизоту лавозимоти корӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фарҳангчиёни ноҳия мавриди истифода  қарор дода мешавад.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ  «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти  Хатлон иттилоъ доданд.

Июнь 29, 2016 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст