Ҷавонон бар зидди ифротгароӣ
Душанбе, 21.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 34-и шаҳри Душанбе миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мавзӯи «Ҷавонон бар зидди ифротгароӣ» озмуни иншои беҳтарин баргузор гардид.
Озмуни мазкур бо ибтикори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018» барои баланд бардоштании ҳисси хештаншиносии ҷавонон, пешгирии зуҳуроти номатлуб дар байни ҷавонону наврасон ва нагаравидани онҳо ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ роҳандозӣ шуд.
— Ҳадаф аз баргузории озмун рушди фаъолияти эҷодии хонандагон, дарёфти истеъдодҳои ҷавон, рушди сифати таҳсилот, тарбияи ватанпарастии ҷавонон ва ҳавасмандии моддию маънавии онҳо мебошад, — зикр намуд Сайалӣ Шаҳобов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Исмоили Сомонӣ.
Ба ғолибон ва 10 нафари дигар барои навиштани иншои беҳтарин Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи И.Сомонӣ супорида шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






